То 27 март дар Тоҷикистон 5 миллиону 162 ҳазору 424 нафар, яъне 92,2 фоизи аҳолӣ бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 эм гирифтаанд, хабар додааст АМИТ «Ховар»
Ҳамчунин бо вояи дуюми ваксина 4 миллиону 900 ҳазору 199 нафар ё 87,5 дарсади шаҳрвандони кишвар фаро гирифта шудаанд.
Вояи сеюми ваксинаро бошад, 1 89 922 нафар ё 19,5 фоизи аҳолӣ гирифтаанд.
Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, бояд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат ройгон гузаронида мешавад.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июли соли 2021 ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18 — сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.