Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз ҳабси маъмурии ҷавоне хабар дод, ки чанде пеш навори зӯран савор намудани собиқ занаш аз тарафи ӯ аз ҷониби шаҳрвандони пойтахтв а корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шадидан маҳкум шуда буд.
Ин ниҳод аз ӯ ҷавони 29-солаи сокини шаҳри Душанбе Дадабоев Наимҷон Алиевич (айни замон Ҳамдамзода Юсуф) ном бурда, навиштааст, гумонбар барои латукӯби собиқ ҳамсар ва маҷбуран ба нақлиёт савор намудани ӯ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.
"Дар натиҷаи баргузории як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ номбурда санаи 24-уми марти соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Зимни пурсиш дастгиршуда Ҳамдамзода Юсуф кирдорҳои авбошонаи содирнамудаи худро пурра тасдиқ намуда, сидқан изҳори пушаймонӣ намуд".
Гуфта мешавад, ки нисбат ба ӯ бо моддаи 460-и Кодексии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда ва суд нисбати ӯ 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъйин кардааст.