sebiston july new
Чанд ҳазор донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд?
1025

Тақрибан 18 ҳазор донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Русия тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд. Ин нуктаро Сафири Федератсияи Россия дар ҷуҳурии Тоҷикистон Семён Григорев иброз дошт.

Дипломат шумораи умумии донишҷӯёни тоҷикро низ гуфт:

“Айни замон дар муассисаҳои таълимии олии Русия 28 ҳазор намояндагони Тоҷикистон таҳсил мекунанд”, - қайд кард сафир.

Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар доираи барномаи “Муаллими рус дар хориҷа” дар 22 мактаби пойтахт ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон 75 нафар муаллимони забони русӣ аз минтақаҳои гуногуни Русия кор карда истодаанд.

Ин лоиҳа муддати 6 сол боз дар Тоҷикистон амал мекунад ва оилаҳои муаллимони рус бо хобгоҳ таъмин карда шуда, роҳпулиашон пардохта мешавад. Ба муаллимони рус ягон ашёи рӯзгор лозим бошад, дастрас карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД