Маҳсулоти лозима:
– 1 кг картошка
– 150-200 мл равғани растанӣ
– 100 г панир
– 3 тухм
– 2 қошуқ орд
– 1 лимӯ
– мурч ва намак
Тарзи таҳия
Картошкаро пӯст ва реза карда дар об муддати 20 дақиқа ҷӯшонед. Картошкаи пухтаро майда кунед. Тухмҳоро шикаста панири аз турбтарош гузаронидаро бо мурчу намак омехта намоед. Аз хамири картошкагин сақочаҳо сохта дар орд тар кунед ва дар равған пазед.