1. Риштаи муҳаббат аз шиками модар
Тадқиқоти олимон (University of Cambridge, 2024) нишон медиҳад, ки кӯдак аз ҳафтаи 18-ум садои модарро мешунавад ва аз ин овоз ором мешавад.
Мутахассисон мегӯянд, ки вақте модар бо кӯдак дар шикамаш сухан мегӯяд, сатҳи гормони стресс (кортизол) дар кӯдак кам мешавад.
2. Дил ба дил роҳ дорад
Таҳқиқотҳо исбот кардаанд, ки дили кӯдак ҳамзамон бо дили модар метапад. Агар модар ором бошад, дили кӯдак низ ором метапад.
3. Қувваи бӯйи модар
Пас аз таваллуд, кӯдак дар 3 рӯз бӯи модарашро мешиносад. Бӯйи модар барои кӯдак мисли "доруи табиӣ" аст, ки гиряашро кам мекунад.
4. Тамоси пӯст ба пӯст
Тамоси аввалини кӯдак бо модар (Skin-to-Skin Contact) иммунитети кӯдакро тақвият медиҳад ва муҳаббати модарро амиқтар мекунад.
5. Алла ва сурудҳои модар
Олимон исбот кардаанд, ки кӯдаке, ки шабона бо овози модар алла мешунавад, тезтар хоб меравад ва солимтар рушд мекунад.
Хулоса
Муҳаббати модар - аввалин муҳаббати бе шарте аст, ки инсон дар ҳаёташ эҳсос мекунад. Ин ришта на танҳо эҳсосӣ, балки илмӣ ҳам исбот шудааст.