arzon replenishment
Чӣ хел доначаҳои сурхаки навзодро пешгирӣ кунем?
421

 

Навзодон ҳамин, ки ба дунёи берун аз батни модар омад, тамоман бо вазъияти дигар рӯ ба рӯ мешавад. Ҳарорати дигар, хӯроки дигар ва умуман, таъсири атрофиён ӯро бо олами беруна ошно месозад. Аммо ин ошноӣ на ҳама вақт ба “хубӣ” мегузарад. Кӯдакон гоҳҳо ҳангоми тавалуд шудан ҳам дар рӯ ва ҳам танаашон доначаи сурхак доранд. Ин ҳолат табиӣ аст, чунки кудак бо омадан ба олами берун аз батн пӯсти нав пайдо мекунад.

Доначаҳои сурхаке, ки баъди тавалуд пайдо мешаванд, омилҳои гуногун доранд. Аввалин баҳонаи пайдошавии чунин доначаҳо ин аллергия аст. Алергия аз хӯрок, дору, ҳарорати беруна, ширинӣ аз ҷониби модар, ки он миёни модарон бо номи диатез машҳур аст ва монанди ин. Инчунин, баъзе аз тифлакон аз либосҳои пашмин ва ё синтетикӣ низ алергия пайдо мекунанд.

Барои рафъи чунин аллергияҳо сабабро ёфта, пешгирӣ намудан лозим аст. Аллергияҳое, ки аз дору пайдо мешаванд, истеъмоли онро бас карда, зуд ба духтур муроҷиат бояд кард. Духтур маводди ба табиати организми навзод ростмеомадаро тавсия медиҳад.

Дар ҳолатҳои диатез, ки гунаҳкори асосиаш модар аст, бояд ширинии ҳадди ақал кам истеъмол карда шавад. Ин фидокорӣ барои модарон гарон намеафтад. Агар баъди чанд вақти таваллуди кӯдак дарк намудед, ки либосҳои пашмӣ ва ё синтетикӣ кӯдакатонро нороҳат мекунад, набояд аз он истифода шавад. Баъзе аз тифлакон бо аллергияи табиӣ тавлид мешаванд, ки он то охири умр боқӣ мемонад ва чораи пешгирӣ ҳам надорад.

Сурхакҳое, ки аз ҳарорати гарм дар навзод пайдо мешавад, мушкили доимии модарон аст. Баъзан вақт бо “ғамхорӣ”-и аз меъёр зиёди модар кӯдак доначаҳои сурх пайдо мекунад, ки миёни мардум онро "гармича" мегӯянд. Онро бо ҳуппа (присипка) пешгирӣ мекунанд. Инчунин, оббозӣ бо маҳлули маргансоф барои пешгирии чунин доначаҳо кӯмак мекунад.

Тифли навзод, ки дар дохили батни модар аз тамоми хатарҳо эмин аст, баробари ба дунё омадан ба тағйиротҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавад. Барои мутобиқ шудан ба ин дунё кӯмаки волидон ниҳоят муҳим аст. Ба ин хотир, модар ҳамаҷониба омода будану инро фаҳмиданаш шарту зарур аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД