arzon replenishment
Чӣ гуна аз алергия халос шудан мумкин аст?
2345

Алергия ин вокуниши масъунияти бадан буда, дар ҳолатҳои ногувор ба вуҷуд меояд. Яъне ҳангоми истеъмоли маводҳои нодуруст ё дорувориҳои пастсифат метавонад ба вуҷуд ояд. Алергия ин аксуламалӣ организм мебошад.

Алергия намудҳои зиёд дорад, ба монандӣ ғизоӣ, доругӣ, аз таъсири газидагии ҳашаротҳо, ҳайвонҳо, аз чангу ғубор , офтоб ва ғайраҳо мебошад.

Ҳеҷ гоҳ мо гуфта наметавонем, ки ғизои истеъмол кардаи мо метавонад ба роҳатӣ ба организми мо ворид шуда, аксуламале нишон надиҳад. Вале таҷрибаҳо нишон додааст, ки организм дар баъзе ҳолат нисбати оддитарин ғизои истеъмолшуда, ба монандӣ сабзавот, ғизоҳои тезтайёр, маҳсулоти ширӣ аксуламал нишон диҳад.

Алергия ё аксуламали организм аз маводҳои доругӣ, пас аз истеъмоли ин ё он дору ба вуҷуд меояд. Қайд кардан ба маврид аст, ки як номгӯи дору наметавонад, ки ба як гурӯҳ таъсири якхела расонад ва ё безарар бошад. Дар ин сурат бояд эҳтиёткор буд ва дар хонаҳои хеш нӯшдоруҳое, ки зидди алергия ҳастанд ва ҳолатҳои ногуворро ба зудӣ бартараф мекунанд, нигоҳ доштан муфид аст.

Нуқтаи дигар ин аст, ки алергия танҳо хоси калонсолон набуда, дар кӯдакон низ дида мешавад. Чун кӯдакон бештар ба ҳар ҷойҳо даст мерасонанду ашёҳоро ба даҳон мегиранд, ё ин ки ягон ҳашарот ё ҳайвоноти заҳрнок мегазад ва онҳо бештар ба ин ҳолат дучор мешаванд, яъне аксуламали организм бештар дар пӯсташон пайдо мешавад. Дар ҳар кӯдак метавонад алергия гуногун пайдо шавад, масалан, дар баданаш хоришак пайдо шавад, сару рӯй ва тамоми баданаш варам кунад, табларза азият диҳад. Ҳамаи ин нишонаҳои аксуламали органзим аст, ки дар натиҷаи ин ё он ҳолати зикр гардида пайдо мешавад.  

Нишонаҳои_алергикиро_нобуд_мекунад!

Мутаассифона, аксари одамонро вохӯрдан мумкин аст, ки алергияи мавсимӣ азият медиҳад ва ҳатто дар ҷангу ғубор низ худро нороҳат ҳис карда, атса мезананду оби бинӣ ва чашмонашон ҷорӣ мешавад. Албатта ин ҳолат шахсро нороҳат месозад ва мехоҳад ҳарчӣ зудтар аз ин ҳолат раҳо ёбад. Барои ин бояд ба духтури алерголог муроҷиат кардан муҳим аст ва доруои рафкунандаи ин бемориро истеъмол намудан муфид мебошад.

Айни замон фасли сармо аст ва кам касоне ҳастанд, ки дар дохили нақлёт ё истгоҳҳо сулфа накунанд ё атса назананд, ин ҳолат низ давраи муайяни худро дошта, дар ҳавои сард бештар хуруҷ мекунад. Чунин нафарон низ бояд ба саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳад ва доруҳои зидди алергикиро истифода баранд.

Нуқтаи дигар ин аст, ки занҳои ҳомиларо низ ин ҳолат нигарон кардааст. Аз рӯи далелҳо ҳар як сеюмин зани ҳомила дучори алергия мешавад, ки онро ба тағйрёбии гармонҳо меҳисобанд. Чун давраи ҳомиладорӣ давраи хеле нозук аст, тавсия медиҳем, ки ҳамаи маводҳои дору бо тавсияи духутри минтақавиятон мувофиқа карда, баъдан истеъмол намоед.

Як чанд сабабҳои пайдо шудани алергия вуҷуд дорад, ки яке аз он ирсӣ мебошад. Зиёд шудани бемориҳои алергикӣ аз таъсири муҳити атроф буда, ғизои носолим, ҳолати ҳаяҷонӣ, аз ҳад зиёд истифода кардани маводи доругӣ шуда метавонад.

Аз ин рӯ кушиш кунед, ки тибқи меъёрҳои қабулшуда ғизои солимро истеъмол намоеду доруҳоро дар асоси таъиноти духтур истифода баред. То ки худу фарзандонатонро аз бемориҳои гуногуни алергикӣ нигоҳ доред.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД