Пайрави Синои бузург
Шукрулло Ғаффоров яке аз мутахассисони ҷавони соҳаи тиб дар шаҳри Истаравшан ба шумор меравад. Ҳарчанд роҳи фаъолияти касбии ӯ ҳанӯз чандон тӯлонӣ нест, вале дар ин муддат тавонистааст таҷриба андӯхта, ба садҳо беморон шифо бубахшад.
Шукрулло Ғаффоров соли 1997 дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда, аз кӯдакӣ ба соҳаи тиб шавқ дошт ва орзу мекард, ки табиб шавад. Барои амалӣ гаштани орзуҳояш ҷаҳду талоши зиёда намуда, соли 2015 пас аз хатми мактаби миёна ба риштаи кори табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд ва соли 2021 донишгоҳро босари баланд хатм намуда, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба хизмати Ватан-модар рафт.
Тӯли як сол дар ҳайати гурӯҳи махсуси Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат кард. Он солҳо дар минтақаи марзӣ вазъият чандон ором набуд ва хизмат дар чунин шароит аз ҳар сарбоз ҷасорат, масъулиятшиносӣ ва омодагии баландро талаб мекард. Шукрулло Ғаффоров ба сарбозон дар ҳолатҳои зарурӣ ёрии аввалини тиббӣ мерасонд ва тарзи расонидани ёрии аввалро ба онҳо меомӯзонд.
Пас аз адои хизмати ҳарбӣ ӯ дар интернатура аз рӯйи ихтисоси бемориҳои дарунӣ таҳсил намуда, дониши худро такмил дод ва соли 2023 ба Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан ба кор омад.
Бо пешниҳоди маъмурияти Беморхонаи марказии шаҳр ин муттахассиси ҷавон ба курси кӯтоҳмуддати гемодиализ фиристода шуд ва моҳи декабри соли 2025 курси мазкурро хатм намуда, имрӯзҳо ҳамчун мутахассиси гемодиализ фаъолият мебарад.
Муносибати самимӣ бо беморон яке аз хислатҳои муҳими ин табиби ҷавон ба ҳисоб меравад. Шукрулло Ғаффоров бар он назар аст, ки табобат танҳо бо доруву таҷҳизот маҳдуд намегардад, сухани ширин, муносибати хуб ва рӯҳбаланд кардани бемор низ метавонад дар раванди табобат таъсири мусбат дошта бошад.
Шукрулло Ғаффоров мехоҳад бо аз худ намудани усулҳои нави табобат ба беморон хизмат расонида, дар солимии ҷомеа саҳми арзанда гузорад, зеро саломатии инсон сарвати бебаҳо ва асоси рушди ҷомеа мебошад.
Абдуғаффор Шодиев