Маҳсулоти кишоварзӣ дар рақамҳо бо истифода аз маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 20.09.2024 дар майдони 207620 гектар кишти гандум гузаронида шудааст. Аз аввали мавсим ҳосили умумӣ 647831 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 31,3 сентнерро ташкил медиҳад.
Дар ҷумҳурӣ майдони кишти пахта 174979 гектарро ташкил дода, ба санаи 20.09.2024 аз аввали мавсим 4101,7 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар 9,6 сентнерро ташкил медиҳад.
Дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 20.09.2024 дар майдони 37613 гектар картошка кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 21891 гектар буда, ҳосилнокӣ 178 сентнер ва ҳосили умумӣ 389912 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 20.09.2024 дар майдони 39978 гектар сабзавот кишт карда шудааст. Масоҳати ҷамъоваришуда 37134 гектар буда, ҳосили умумӣ 1214432 тонна ва ҳосилнокӣ 327,0 сентнерро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 20.09.2024 мевагиҳои ҷамъоваришуда 317572 тоннаро ташкил медиҳад, ки 56560 тоннаи онро ангур дар бар мегирад.