arzon replenishment
Чӣ бояд кард, то кӯдак дурӯғ нагӯяд?
900


Кӯдакон дурӯғгӯӣ ва фиребдиҳиро на танҳо барои ҷазо нагирифтан, шарманда нашудан, аз ҳолати нобоб баромадан, соҳиби чизе гаштан ва муҳофизати манфиатҳои хеш, балки барои таъмини хушҳолӣ, хушдилии ҳамсолону калонсолон низ истифода мебаранд.

Дурӯғгӯӣ ифодагари дараҷаи тахайюли кӯдакону калонсолон ҳам шуда метавонад.
Дуруғгӯӣ ва фиребдиҳии кӯдак метавонад аксуламали шахсии ӯ нисбат ба амалу ҳодисаҳои атроф бошад. Дурӯғгӯӣ минбаъд олами маънавии кӯдакро костаю хароб намуда, аз паси худ дигар сифатҳою хислатҳои ноҷою номатлуб (дурӯягӣ, ҳавобаландӣ, тарсончакӣ, чоплусӣ, худбинӣ ва ғайраҳо)-ро ба бор меорад. Вақте ки кӯдак дурӯғ гуфт, ин нишонаи мавҷудияти мушкилиҳо дар ҳаёти ӯст.

Дар ин ҳолат бо кӯдак на дағалӣ, балки муносибати боварибахш бояд кард. Равоншиносон дар чунин мавридҳо «аз таҳти дил» гуфтугӯ намуданро тавсия менамоянд. Муносибат бо бачаҳо бояд ба эҳтироми ҳамдигар асос ёфта бошад. Суҳбатро чунин оғоз кардан мумкин аст: «Ман бовар надоштам, ки ба ман дурӯғ мегӯӣ», «Ҳамаашро ба ман рӯирост гӯй», «Туро ҷанг карданӣ, ҷазо доданӣ нестам», «Фақат мехоҳам донам, ки барои чӣ дурӯғгӯӣ кардӣ», «Рости гапро гӯӣ, гуноҳатро мебахшам...»

Суҳбатро ҳеҷ гоҳ аз таҳдид ва гунаҳгор кардани кӯдак cap накунед. Аввал худро ба даст гиред, ором шавед, сабаби дурӯғгӯии кӯдакро муайян намоед. Ин амал имкон медиҳад, ки худи кӯдак низ дар бораи амали нодурусташ фикр кунад, ба суҳбати ошкоро омода гардида, ба сухану амали шумо бовар намояд.
Дар сари қаҳру ҷаҳл ба тарбияи кӯдак машғул набояд шуд. Аз беадолатӣ, таъкиду таънаи ноҷо, таҳдид, гунаҳгоркунӣ кӯдак (гунаҳгор ҳам бошад) озурдадил мешавад, меранҷад, худро шахси нодаркору маҳрум аз меҳру навозиш эҳсос мекунад. Дар чунин лаҳзаҳо худро боре ба ҷои кӯдак гузоред ва ё ба хотир оред, ки дар бачагӣ худи шуморо дар сари қаҳру ҷаҳл «тарбия» кардани волидонатон чӣ қадар аламовару дарднок буд.
Равоншиноси амрикоӣ Пол Экман дар асараш «Барои чӣ кӯдакон дурӯғ мегӯянд?» маслиҳат медиҳад, ки калонсолон бояд бо кӯдакон дар бораи ба ҳамдигар бовар кардан пешакӣ маслиҳат намоянд. Дар муносибатҳои мо боварӣ ба ҳамдигар хеле муҳим аст. «Ҳама вақт ба кӯдак изҳори боварӣ намоед. Ин амалатон яке аз роҳҳои пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб, аз ҷумла, дурӯғгӯӣ шуда метавонад». Беҳтарин роҳи тарбия намудани ростгӯӣ, поквиҷдонӣ, некбинию хайрхоҳӣ дар кӯдак ибрати неки калонсолон мебошад. Барои кӯдак падару модар шахсони наздиктарину меҳрубонтарин ба шумор мераванд,бинобар ин волидон бояд кӯшиш намоянд, ки дар гуфтору кирдор намунаи ибрат гарданд ва хурдсолон ба онҳо тақлид намоянд.

Аз нигоҳи равоншиносӣ тақлидгарӣ аз хусусиятҳои хосаи хурдсолон мебошад. Кӯшиш намоед, ки боварию эътиқоди кӯдакро нисбат ба худ нигоҳ доред.


Яке аз сабабҳои дурӯғгӯии кӯдак ба мо, калонсолон, боварию эътиқод надоштани ӯст. Ба кӯдак ваҷҳҳои дурӯғгӯии атрофиёнро шарҳ дода, аз мисолҳои ҳаётӣ, қаҳрамонони асарҳои бадеӣ истифода бояд бурд. Суҳбат, бозиҳои шавқовар, хондани китобҳо, расмкашии якҷоя, саёҳат, тамошои албому наворҳои оилавӣ, ҷашнҳои оилавӣ (рӯзи таваллуд, идҳо) ва ғайраҳоро бо анъанаҳои хонаводагӣ мубаддал бояд кард. Кӯдак ба доираи васеи муоширату муносибатҳои оилавӣ, иҷтимоӣ дохил гардида, худро яккаву танҳо ва дур аз таваҷҷуҳ ҳис намекунад. Дар и н ҳолат дар ӯ зарурати дурӯғ гуфтан, худро таъриф кардан ба миён намеояд.
Дурӯғгӯии кӯдакро набояд нодида гирифт, то ин амал ба ӯ одати доимӣ нагардад. Равоншиноси маъруф Л. Филонов ваҷҳҳои рафтори маҳбусонро муайян кардааст, ки асоси онро дурӯғгӯӣ ташкил мекунад. То сесолагӣ дурӯғгӯии кӯдак мақсаднок нест. Баъди 4-5-солагӣ майли дурӯғгӯӣ бо мақсади бошуурона истифода бурдани он барои манфиатҳои шахсӣ (халосӣ аз ҷазо, таърифу таҳсин шунидан, мавқеи махсусро ишғол намудан) ба вуҷуд меояд.
Ба бовари Л. Филонов, чун кӯдак боварӣ хосил мекунад, ки қобилияти махсуси фиребгарӣ, айёрӣ, дурӯғгӯӣ дорад, шахсони ба худ монандро ҷустуҷӯ мекунад. Дар доираи чунин ҳамақидаҳо ӯ худро шахси комёбу сазовори ҳама гуна арзишҳои зиндагӣ тасаввур менамояд ва кӯшиш мекунад, ки дурӯғгӯиро ба манфиатҳои шахсии худ истифода барад. Мутаассифона, ин хулқу хӯи бад минбаъд ба содир кардани рафторҳои зиддиҷамъиятӣ боис мегардад.
Бояд таъкид кард, ки дар ҳамаи тадқиқоти илмии равоншиносӣ, педагогӣ-фалсафӣ дурӯғгӯӣ ҳамчун аксуламали ростгӯӣ, поквиҷдонӣ, инкишофи маънавию ахлоқӣ шарҳ дода мешавад.

Ҳумайро СОДИҚОВА, мудири
кӯдакистони №128, ноҳияи Фирдавсӣ
Бознашр аз ҳафтаномаи “Омӯзгор”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД