Шуруъ аз имрӯз то 26 ноябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон баргузор мегардад. Дар ин бора Марям Холиқзода, корманди маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ба Мирсаиди Хайрулло, мухбири сомонаи «Оила» иттилоъ дод.
Ҳайати рӯзҳоро зиёда аз 80 нафар ҳунармандони бомаҳорати кишвар дар бар гирифта, Вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат гурӯҳро роҳбарӣ менамояд. Дар ҷараёни баргузории рӯзҳои фарҳангӣ вохӯрии Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Туркманистон, се барномаи консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва намоиши аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистон дар назар аст.
Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Ашқобод ва Марии Ҷумҳурии Туркманистон доир гардида, ансамбли рақсии хизматнишондодаи “Лола”, “Парасту”, ансамбли созҳои миллӣ, ҳунармандони маҳруфи кишвар Носир Сафарзода, Ҳақназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Чоршанбе Аловатов, Нозанин Комилова, Сироҷиддин Ҷӯраев, тарроҳ - Хуршед Сатторов, ҳунарманд Салимабону Каримова, мусаввирони бомаҳорати ҷумҳурӣ бо барномаҳои рангину ҷолиб назди тамошобини ин шаҳрҳо баромад хоҳанд кард.