Дар даври охири мусобиқаи "CAFA-2025" тими миллии бонувони то 18-солаи Тоҷикистон аз ҳамсолони қирғизашон бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрда, дар байни 5 даста ҷои 4-умро гирифтанд.
Рақобат байни духтарони футболбози Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 29-уми ноябр баргузор шуда, ба фоидаи Қирғизистон анҷом ёфт.
Ҳамин тавр, дар чемпионати "CAFA" Ӯзбекистон сазовори ҷойи аввал ва қаҳрамони мусобиқот гашт. Қирғизистон зинаи дуюм, Эрон зинаи сеюм ва Тоҷикистон зинаи чорумро ишғол намуд. Туркманистон тамоми бозиҳоро бохта, дар мақоми охир қарор гирифт.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи "CAFA" аз 23 то 29-уми ноябр бо ширкати 5 даста - Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар шаҳри Тошканд доир гашт.