ИДОМААШ...
Баъд аз марги Талбак Сайёра зиндагии навро оғоз кард. Дар хонаи Талбак истиқомат карда, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба ҳар гуна кор машғул мешуд. Гоҳ ӯ ба адир ба мевағундорӣ мерафту гоҳе дар заминҳои хоҷагӣ хӯшачинӣ мекард. Дар зимистонҳо ба хоҷагӣ ба кор даромада, дар анборҳо ба тоза намудани маҳсулотҳои ғалладонагӣ мепардохт. Бар ивазаш як -ду кило картошка мегирифт. Гоҳ-гоҳ раис ба ӯ ёрдам карда, як сатил-ним сатил гандум медод.
Муаллим ин дафъа сархатеро хонду дарҳол даст бар ҷайб бурда, рӯймолчаашро баровард ва чашмони намнокшудаашро пок карда монд. Аз ин аҳволи муаллим кас гумон мекунад, ки мазмуни мақолае ашки ӯро овардааст. Ё шояд, ба қавле дарду табаш дигар бошад.
Баъди пок кардани оби чашмҳояш муаллим аз болои айнаки худ ба довталабон чашм давонд ва вазнин-вазнин нафас гирифт. Ӯ ин дафъа миёни довталабон Фирӯзаро ёфт. Ба сару либоси хоси тоҷикии ӯ чашм давонд, ба ҳар ҳаракаташ аҳамият дод. Тарзи роҳгардӣ, дастҷунбонӣ, сари хам ва чеҳраи аламдори Фирӯзаро аз назар гузаронд. Ин духтар диққати ӯро тамоман ба худ ҷалб кард. Чунки вай аз дигарон ба куллӣ фарқ дошт. Махсусан, ӯ мисли дигарон сару либоси замонавӣ ба тан надошт. Либосҳои вай духтарони солҳои пешини тоҷикро ба ёд меовард. Сару либоси оддӣ дошт. Дигар духтарон ин тавр либос надоштанд. Мегуфтанд, ки ин гуна либосҳо кайҳо аз мӯд баромадааст, пӯшидани онҳо айб аст. Илова бар ин, чунин либосҳо гӯё аз камбағалдухтар будани Фирӯза гувоҳӣ медод, ки ин ҳам ба муаллим бараъло маълум шуд.
Сонияҳо паси ҳам сипарӣ шуданду ёди сару либоси Фирӯза ва камбағалдухтар будани вай аз хотири муаллим дур мешуд. Муаллим дигар дар бораи камбағалдухтар будани вай намеандешид, аммо ҳама ақлу ҳуши ӯро муҳаббате ба Фирӯза ҷалб менамуд. Ӯ аллакай худро аз даст дода буд. Ҷисмаш дар курсӣ буду ақлу ҳушаш дар Фирӯза.
Чашмони сиёҳи муаллим аз дидани Фирӯза зери пардаи ашк мемонд, миҷаҳои сиёҳи дароз-дарозаш намнок мешуд. Гӯё ӯ бо ин нигоҳҳояш аз дарди дил, ҳолу аҳволи Фирӯза огаҳӣ пайдо мекард. Лекин дар асл муаллим барои чӣ, барои кӣ, барои кадом мусибат, барои кадом хурсандӣ ашк мечаконд, маълум набуд. Инро ҳатто худаш намефаҳмид. Ё шояд худи муаллим мисли Фирӯза рӯзгори пурмоҷароеро аз сар мегузаронаду дар талоши ким-кадом орзуву ҳавас ва ё аз даст додани чизи қиматтаринаш дар ин дунё афсӯс мехӯрад.
Фирӯза ба муаллим наздик шуд. Дар ин лаҳза муаллим нафасгир гашта, аз ҷой хест. Қоматашро рост карда, чуқур-чуқур нафас кашид. Дар назар роҳи нафасаш танг ва авзояш беҷо мегашт. Ӯ аз бад шудани вазъи саломатиаш огоҳ шуд. Ба тапиши дилаш гӯш дода, гӯё садои ҳар як зарбаи қалбашро мешуниду дар вай ларзишро ҳис мекард. Боз, ба қавле, дилаш аз ким-кадом мусибат ва ё хурсандие гувоҳӣ медод.
Муаллим дигарбора ба курсӣ нишаст. Ҳар қадар ба Фирӯза нигоҳ мекард, ҳамон қадар ташнаи дидораш мешуд ва ҳеҷ аз вай чашмканданашро намехост. Ҳатто мижа задан ҳам ба муаллим халал мерасонд. Намехост, ки мижа таҳ карданаш пеши чашмонашро гирад. Ин лаҳза хаёлу ақли ӯ фақат банди ба Фирӯза нигаристан буду халос.
Андаке гузашту муаллим ба худ омад. Аз Фирӯза чашм канда, сарашро сӯи Замин хам намуд ва сари зонуҳои худ намиро эҳсос кард. Сипас, бо рӯймолчааш ашки чашми ба ду бари рӯй шоридаашро пок карда монд ва ба худ гуфт: «Эй Худо, ин чӣ гап шуд. Чаро ин духтар тамоми вуҷудамро ба сӯи худ мекашад? Ӯро бори аввал мебинаму мехоҳам падарвор ба оғӯшаш гирам. Мехоҳам бо вай ҳамсуҳбат шаваму ба ӯ дарди диламро гӯям. Гӯё ман бо ӯ вохӯрам, ҳама дарду аламам ба итмом мерасида бошад».
ИДОМА ДОРАД
АЗ ИДОРА: ФАРДО ШАБ СОАТИ 21-00 ИДОМААШРО ИНТИЗОР ШАВЕД!