goodwell
Бӯйи хиёнат (ҚИСМИ 2)
142

Нозанину Ориф якҷоя донишгоҳро хатм карда, ба ноҳия баргашта, ба кор сар карданд ва бо ризоияти волидон издивоҷ намуданд. Зиндагияшон хеле ширин оғоз шуд, ду мутахассиси ҷавони маҳаллӣ, гули сари сабади маъракаву маҳфилҳо. Хоса Нозанин, ки муаллимаи забон ва адабиёт буду аз шеъру шоирӣ хабардор, дар тамоми иду ҷашнҳо бологузару сухангӯ буд.

Хусуру хушдоман ва пайвандони шавҳар келини сухандону олуфтаашонро хеле дӯст медоштанд.

Зиндагӣ идома дошту бо кумаку дастгирии онҳо ду ҳевари дигарашро низ хонадор карданд. Орифу Нозанин соҳиби як писару як духтар шуданд ва аз ҳавлии падарӣ кӯч бастанд ба маркази ноҳия…

Рӯсиёҳ

Зиндагияшон дар маркази ноҳия дер давом накард, зеро даргириҳои маълуми соли навади асри пор оғоз гаштанду онҳо ба Душанбе кӯч бастанд. Баъди иҷорашиниҳои тӯлонӣ, онҳо соҳиби хонаи шахсӣ шуданд. Оҳиста-оҳиста Нозанин ба вазифаҳои баланд гузашт, Ориф низ ба унвонҳои баланди тиббӣ ноил гашт, вале дар зиндагияшон хушбахтии пешин эҳсос намегашт.

Нозанин мӯйҳои дарозашро бурида, доманҳои кӯтоҳу танг ба бар мекард. Гапи шавҳараш барояш он қадар аҳамият надошт. Ориф медид, ки занаш аллакай аз вай дур шудааст ва бисёр вақтҳо “ман хастаам” гӯён, бистарашро алоҳида мепартояд. Баъдҳо Нозанин, ки акнун аз деҳотӣ буданаш як тора мӯй боқӣ намонда буд, шляпаҳои аҷибе ба сар мемонду сарашро зард карда, худашро ба масхарабозҳои сирк монанд карда буд. Ӯ дар вазифаи равғание кор мекарду бо пулҳои бо роҳи «чап» кор кардааш барои худаш хонаи алоҳидае харид ва эълон дошт, ки дар ҳавлӣ бо келину набераҳо монда мешаваду ба хонаи дуҳуҷрагияш кӯч мебандад.

Духтарашро ба шавҳар доданду Нозанин дигар қариб дар ҳавлӣ пайдо намешуд. Ориф пеш аз харидани хона бо ӯ сахт ҷанг карда, қаҳрӣ буд ва бо ӯ гап намезад. Ориф профессори соҳаи тиб, марди обрӯманд, духтару писарашро низ аз хонадонҳои бонуфузе келину домод гирифта буданд, аммо касе намедонист, ки ин марди сарватманду ҳамеша хандон дар дил чӣ алам дорад. Аз дасти море, ки дар остинаш парварида буду ҳоло ба аждаҳо мубаддал шуда…

Як шаб аз як шабнишинӣ хеле дер, соатҳои яки шаб хестанду Ориф Назар қарор дод, ки назди Нозанин меравад, ё зиндагиро аз нав шуруъ мекунанд ё ба таври расмӣ ҷудо мешаванд. Ҳарчанд келинаш ба хизматаш тайёр буду мисли падараш ҳурмату эҳтиромаш менамуд, аммо ба мард марҳами тан даркор аст ку. Нозанин низ ҷавон набуд, ба шаст қадам мемонд, умри Ориф бошад, сарҳади шасту дуро убур мекард.

Ориф Назар гумон дошт, ки ин таклифаш Нозанинро хурсанд мекунад, ҳатто як даста гул ҳам гирифт, аммо кош пойҳояш мешикастанду сӯйи он лонаи ҳаром роҳ пеш намегирифт…

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД