Аз замоне, ки саноати мошинсозӣ рӯ ба рушд ниҳодааст, дар шаҳрҳои калон роҳбандӣ ё тамбашавии нақлиёт зуд-зуд ба амал меояд.
Кор то ҷое расид, ки дар шоҳроҳи Париж - Лиони Фаронса бузургтарин тамбашавӣ бо масофаи 170 километр ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид.
Ин ҳолат ҳангоми ба Париж якбора баргаштани 5 миллион аҳолии кишвар, ки дар кӯҳҳои Алп истироҳат мекарданд, ба амал омад.