Бузургтарин хона аз кулчақанди имбирӣ дар иёлати Техаси ИМА сохта шудааст. Имсол ба муносибати Мавлуди Исо ин “кулбаи ширин” дар шаҳри Брайан (Bryan) бунёд гардид.
Барои сохтмони бино аз кулчақанд бо масоҳати 39 202 фут² ва андозаи 65 ба 45 фут, 1 800 фунт равған, 7 200 дона тухм, 7 200 фунт орд, 3 000 фунт шакари қаҳваранг ва миқдори зиёди имбиру дорчин истифода шудааст. Барои ороиши хона 22 ҳазор қанду шириниҳо сарф гардидааст.
Ин хоначаи муъҷиза, ки арзиши энергетикиаш тақрибан 36 миллион калорияро ташкил медиҳад, бо фармоиши соҳибони клуби голфи Texas A&M Traditions Club сохта шудааст. Сохтмони он тақрибан як моҳ идома ёфт.