Sebiston new 2024 october
Бурак Озчевитро суд карданд?
1674

 

 

Номи ҳунарманди маъруфи турк Бурак Озчевит чанд вақт боз дар сархати расонаҳои Туркия қарор дорад. Гап дар сари он аст, ки аз рӯйи ин ситораи синамо якбора 150 нафар аризаи шикоятӣ навишта, кори Бурак Озчевит ба суд афтидааст.

Кӣ ситораи синаморо ба суд дод?

Ситораи №1-и синамои Туркия Бурак Озчевитро барои суханҳои қабеҳ ва дағалӣ ба суд кашидаанд. Аз рӯйи ин ҳунарпешаи машҳур бегонаҳо не, балки аҳли гурӯҳи эҷодие, ки Бурак Озчевит дар ҳайати он фаълият менамояд, ба суд додаанд. Даъвогарон мегӯянд, ин актёри машҳур тамоман аз худ рафта, ҳангоми ба наворгирии филми нав дар майдончаи наворбардорӣ бо суханони дағал ва ҳақоратомез онҳоро паст зада, таҳқир кардааст.

Моҷаро аз куҷо бархост?

Бурак Озчевит дар як филми нави таърихӣ, ки “Ташаккули империяи Усмонӣ” унвон гирифтааст, нақши марказиро мебозад. Продюсери филми мазкур Маҳмад Боздак буда, айни замон қисматҳои аввалини филм ба навор гирифта мешавад. Дар рафти наворбардорӣ байни ин ҳунарманди машҳур ва гурӯҳи эҷодӣ моҷаро сар задаааст ва ба гуфти даъвогарон Бурак Озчевит 150 нафар кормандонеро, ки ба ин лоиҳа ҷалб шуда буданд, дашному ҳақорат дода, таҳқир кардааст ва шаъну шарафи инсонии онҳоро паст задааст. Аҳли гурӯҳи эҷодӣ аз таҳқир ва дағалии ҳунарманди машҳур ба ғазаб мада, Буракро ба суд додаанд...

Прокурор: Актёри мағрурро зиндон кунед!

Прокурор рафтори ин ҳунарманди машҳурро ҳамчун ҷиноят ва гуноҳи нобахшиданӣ арзёбӣ намуда, иддао кардааст, ки 150 нафар шоҳиди таҳқир ва дағалии ин актёри мағруру ҳавобаланд гаштаанд ва дигар ниёзе ба собит кардани гуноҳи судшаванда намондааст. Прокурор аз суд хоҳиш кардааст, ки Бурак Озчевит барои дағалӣ ва таҳқир кардану дашному ҳақорат додани гурӯҳи эҷодӣ ба мӯҳлати 4 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад, вале...

Адвокат: Даъвогарон худашон гунаҳкоранд!

Адвокати судшаванда мегӯяд, даъвои прокурор дар бораи он ки 150 нафар шоҳиди дағалию таҳқири Бурак Озчевит гаштаанд, бисёр хандаовар аст. Боварии кас намеояд, ки як нафар дар рӯ ба рӯи 150 тан истода, онҳоро дашном медиҳад, ҳақорат мекунад, паст мезанад, вале касе ҷуръат намекунад, ки дар ҷавоб чизе бигӯяд.

Ба гуфти адвокати Бурак Озчевит шахсоне, ки аз болои актёри машҳур ба суд даъво кардаанд, аслан дар ин қазия худашон гунаҳкоранд, зеро онҳо масъули таъмини амнияти ҳунармандон ва ташкил кардани шароити хуб дар майдончаи наворбардорӣ бошанд ҳам, вазифаҳои бар дӯш доштаашнро иҷро накардаанд. Адвокат мегӯяд, онҳо ҳатто аспҳоеро, ки каскодёр ва актёрҳо ба онҳо савор мешуданд, пешакӣ ром карда, машқ надодаанд. Бо сабаби бемасъулиятию бепарвоии онҳо аспҳои бо одамӣ хӯ нагирифта, ҳангоми наворбардорӣ якбора “девона” шуданд ва кам монда буд, ки чорхеззанон Бурак Озчкевит ва дигар ҳунармандонро ба замин партоянд. Бурак, агар зиракию чолокӣ нишон намедод, ягон фоҷиаи мудҳиш рӯй медод. Худо накарда, Бурак Озчевит ё ҳунарманди дигар аз асп меафтид, маъюб мегашт ва ҳатто мурда монданаш мумкин буд. Аз ҳамин хотир, Бурак сахт ба ғазаб омада, аҳли гурӯҳи эҷодиро носазо гуфтааст,- мегӯяд адвокат дар ҳимояи ин ҳунарманди машҳур.

Даъвогаронро аз кор ронданд

Касоне, ки аз болои Бурак Озчевит ариза навишта буданд, баъди баромади адвокат ба гуноҳашон иқрор шуда гуфтаанд, ки дар ҳақиқат онҳо аспҳоро машқ надода буданд, зеро гумон доштанд, ки ин актёри машҳур дар чанд филм аспсаворӣ карда, забони ин ҷонваронро хуб медонад, каскодерҳо бошанд, ниёз ба ҳимоя надоранд. Бо забони худ ба гуноҳашон иқрор шудани даъвогарон боиси он гашт, ки 150 нафар аъзоёни гурӯҳи эҷодӣ худи ҳамон рӯз аз кор ронда шаванд.

Суд Буракро ҷарима кард, вале...

Чизе, ки набошад, таҳқир кардан ва паст задани шаъну шарафи инсонии шахсони дигар аз лиҳози қонун мумкин нест. Аз ҳамин хотир, суд ба хулосае омад, ки ҳунарманди машҳури турк Бурак Озчевитро барои таҳқир ва дағалӣ ҷарима бандад. Бо қарори суд ин ҳунарпешаи маъруф ва овозадор муаззаф гашт, ки 3000 лира ҷарима диҳад. Тибқи қарори суд маблағи мазкур дар бадали 100 рӯз пардохт карда шуда, Бурак бояд ҳар рӯз 30 лира ҷарима месупорид, вале ахиран судя ба қароре омад, ки ҳукмро шартан содир намояд. Ин чунин маъно дорад, ки агар дар бадали як сол Бурак Озчевит боз ягон ҷинояти дигар содир накунад, аз пардохти ҷарима озод шуда, ягон лира намесупорад...

Судя мегӯяд, ҳарчанд рафтори Бурак Озчевит бо аҳли гурӯҳ дағалона бошад ҳам, аз рӯйи одамгарӣ сабаби асабоният ва қаҳру ғазаби ӯро фаҳмидан мумкин аст, зеро ин одамон бо бемасъулиятии худ натанҳо ҷони Бурак, балки ҳаёти дигар ҳунармандон вакаскадерҳоро низ дар хатар гузоштаанд...

 

(Мавод дар такя ба сомонаҳои туркӣ таҳия шудааст.)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД