arzon replenishment
Бунафша Шокирова чаро ҷавонмарг шуд?
1899


Бунафша Шокирова чаро ҷавонмарг шуд?
Аз марги Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бунафша Шокирова қариб 20-рӯз сипарӣ шуд. Марҳум ҳамагӣ 50-сол дошт.
Чаро ин зани зебою ҳунарманд ҷавонмарг шуд?-ин суолест, ки бисёриҳоро азият медиҳад.

Табиби сароянда
Бунафша Шокирова зодаи диёри Муъминобод аст. 17-уми июни соли 1972 таваллуд шудаааст. Дар оилаи серфарзанд ба воя расида, миёни 10 фарзанди падар нахустин буд. Меҳри санъат, бахусус сарояндагӣ аз хурдӣ дарзамираш пайдо шуд. Дар даврони мактабхонӣ дар кружокҳои ҳаваскорӣ ҳунарнамоӣ мекард. Вале баъди хатми мактаб бо тавсияи падару модар ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи тиббӣ супорид, то ки табиб шавад. Бале, ӯ табиб нашуд, вале бо сурудҳои мондагор, бо овози махмалину дилнишинаш ҳабиби мардуми кишвар гардид.
Дар суҳбате ба банда гуфта буд:“Як хол нарасиду донишҷӯ нашудам. Ноумед гардидам. Гуфтанд, ки касе як сол дар бемористон кор кунад, соҳиби имтиёз мешавад ва соли оянда ба осонӣ донишҷӯ хоҳад шуд. Розӣ шудам ва дар яке аз бемористонҳо нафозаткор - санитарка шуда кор кардам. Дар ин муддат дарк намудам, ки кори табибон душвор аст, бинобар ин, соли оянда, пинҳонӣ аз волидайн Донишгоҳи тиббӣ гуфта, ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи санъат супоридам”.

Илоҳӣ, оҳ кашум дар гирӣ
Вақте аз деҳа ҳуҷҷатсупорӣ омад, намедонист, ки донишкада факултаву шуъбаҳои алоҳида дорад. Бинобар ин, ба саҳни донишгоҳ расидан замон аз посбон бо дили пур пурсид: “Ҷойи байтхонӣ куҷодай?”. Ӯро то синфхона роҳнамоӣ карданд. Ду нафар менишастанд, яке Бозор Сафаралиев, дигаре Муборак Турсунова. Пурсиданд, ки чӣ мехонӣ? Гуфт, байт мехонум, аз апаи Муҳаррама Шарифова.
Муаллима Муборак Турсунова дойираро ҷӯр карду Бунафша сароид:“Илоҳӣ, оҳ кашум, дар гирӣ”... Ҳамин тавр, донишҷӯ шуд. Солҳои аввал тақлидкорӣ мекард. Сурудҳои Сурайё Қосимова, Малика Саидова, Нуқра Раҳматова, Мастона Эргашева, Муҳаррама Шарифова, Лола Азизова...-ро месароид. Ин тақлидкориҳо барои ӯ мактаби ҳунарӣ буданд.

Дар оғӯши “Дарё”
Дар даврони донишҷӯйӣ ба Ансабли “Ганҷина”-и Зафар Нозим пайваст ва аз мактаби ин ҳунарманди мумтоз гузашт. Нав болу пар мебаровард, ки дар кишвар нооромиҳои солҳои 90-ум оғоз шуданд. Ӯ маҷбур шуд, ки ба Муъминобод баргардад. Вале дар деҳа зиёд наистода, ба пойтахт баргашт.
Ҳангомаи сабтисуруди “Кабки хиромон”, ки аз ганҷинаи халқ аст, садояшро Саидқул Билолов шунида,ӯро ба кор, ба ансамбли овозадори “Дарё” даъват кард.Ӯ ба “Дарё” ғӯттавар шуд ва аз ин мактаби бузург гузашта, зуд шуҳратёр гардид. 10 албом сабт кард, ки беш аз 100 сурудро дар бар мегиранд. Ҳамаи ин сурудҳо дар хазинаи тиллоии телевизион ва радиои кишвар сабт шуда, дар қалби мардум маъво гирифтаанд.

Эътимоди устодон
Бунафша Шокироваро бештар дуэтҳояш бо шодравон Қурбоналӣ Абдуллоевшуҳратёр намуданд. Раҳматӣ мегуфт: “Бунафша соҳиби сабку салиқаи хос аст. Мо 5-6 дуэт хондем, ки зуд вирди забонҳо шуданд. Сабаб дар он аст, ки овози мо ба ҳам ҷӯр буд. Ман ба Бунафша Шокирова, ҳамчун ба ҳунарманди асил ва фидоии касби хеш эътимод дорам, бинобар ин, пайваста бо ӯ дуэт мехонам.”
Ба Бунафша Шокирова оҳангсозони шинохта аз ҷумла, Саидқул Билолов, Хайрулло Абдуллоев, Гулбек Саодатов, Мастона Эргашева ва дигарон ҳам эътимод доштанд ва сурудҳои беҳтаринашонро ба ӯ бовар мекарданд. Барои мисол Саидқул Билолов суруди машҳури “Тоҷикистон”-ашро ба ӯ бовар кард. Ин суруди ӯ вирди забони хосу ом ва ҳамаи ватандӯстон аст:

Тоҷикистон,
Ёдгори Оли Сомон!
Тоҷикистон,
Ифтихори Оли Сомон.

Моҳии берун аз об
Чанд сол қабл дар ансамбли “Дарё” тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Насли калонсолро ба нафақа гусел карданд. Дар қатори Саидқул Билолов, Лола Азизова, Қурбоналӣ Абдуллоев ва дигарон Бунафша Шокирова ҳам ба нафақа фиристода шуд. Бо вуҷуди он, ки дар Филармонияи давлатӣ фаъолият мекард, вале бидуни “Дарё” худро моҳии берун аз об тасаввур мекард.
-“Дарё”-и мо дигар буд, - мегуфт, бо табассум.

Фируза редактор тсел, [17.06.2022 10:44]
Қисмати ман ҳамин аст!
Дар яке аз мусоҳибаҳояш Бунафша Шокирова гуфтааст:
-Суруди ҳар ҳунарманд ба сарнавишташ ҳамоҳанг мешавад. Кароматуллоҳи Қурбон “Санги мазорам” гуфт, санги мазор шуд. Тоҷиддин Муҳиддинов “меравам” гуфт, рафт. Бисёре аз бонувони ҳунарманд аз фироқи ёр мегӯянд, ҳамин аст, ки дар оилаадорӣ муваффақ намешаванд. Ман ҳам ёрамро рафтӣ гуфтам, шавҳарам рафт. Бинобар ин, аз ин ба баъд фақат сурудҳои умедворкунанда ва оптимистӣ месароям.
Вале афсӯс, ки ӯ ба дарди шадиди саратон печид. Аввалҳо мубориза бурд, дар охир ба қисмат тан дод. Мисли ҳамон сурудаш: Қисмати ман ҳамин аст!
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бунафша Шокирова ҳунарманди асил буд. Ҷуз хизмат ба мардум ва хизмат ба санъати асил мароми дигар надошт. “Ман аз пайи унвону ҷоиза намедавам. Муҳим суруди нав таҳия шавад ва ба қалби мардум роҳ ёбад. Муҳим мухлисон аз мо розӣ бошанд”-мегуфт. Аз сурудҳояш, аз ҳунараш, аз 5 фарзандаш, аз набераҳояш меболид... Вале афсӯс, ки ситораи ӯ дар айни авҷи камолоти эҷодӣ хомӯш шуд. Ёдаш ба хайр!

Одил

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД