arzon replenishment
Бумеранг (ҚИСМИ 3)
1631

Шикасти давлат…

Гоҳ-гоҳе шиносҳои умумии худаму Суҳробро вомехўрдам ва дар борааш ҳар гуна хабарҳоро мешунидам. Пас аз ҷудоӣ бо ман, додари ягонааш одам кушта, ба зиндон меафтаду пайи ин моҷаро Суҳробро аз вазифааш барканор мекунанд. Писараш кор мекардаасту зиндагиро пеш мебурдааст, Дилдораро низ ба шавҳар додааст. Ҳарчанд дилсиёҳ нестам, вале ҳамеша аз дил мегузаронидам, ки Суҳробро дуои ман гирифт…

Аммо дар дилам нисбат ба ин марде, ки ҳаётамро сўхта, дар ботинам нисбат ба тамоми мардони олам нафратро ҷо карда буд, сиёҳие надоштам. Аммо Худованд ҳамабин аст…

Пас аз понздаҳ соли ҷудоиҳо хабари марги Суҳробро шунидам, ў аз сактаи дил ин оламро тарк гуфтааст. Модарам аз марги Суҳроб хурсанд набошад ҳам, чанд бор гуфт, ки Худо зад ўро!

Дар ин миён писарамро хонадор кардему хусурам абераашро дида, аз олам чашм пўшид, кампири хушдоманам бошад, садқаву балогардони абераааш буд. Ман ҳар гоҳи ба ноҳия рафтан, зиёдтар дар назди писару келину набераам мемондам. Шукронаи Худо, келинам духтараки меҳрубоне буд ва мо ба ҳамдигар мисли дугона будем. Ҳатто писарам мегуфт, ки оча, шавҳар кун, аммо ман дар азмам қатъӣ будам ва бо келинам маслиҳат кардам, ки духтараке таваллуд карда, ба ман медиҳад…

Ёди рўзгори талх…

Он рўзеро, ки дар боло ёдовар шудам, ба табрики модарам роҳакӣ будам, зеро очаҷонам ҳафтоду панҷсола мешуданд. Ҷавонзани дар бари ронанда савор шуда Дилдора, духтари Сўҳроб буд…

Шояд, ман ёди рўзгори талхамро намекардам, вале Дилдора ёди ноҳияи мо мекарду аз ишқи ману падараш қиссаҳо мегуфт. Ман хомўш гўш мекардам ва Худоро шукр мекардам, ки ягон ҳамсафарам маро намешиносад…

“Падарам як духтурро аз ноҳияи шумо дўст медоштаанд, то дами марг номи ў дар забонашон буд. Модарам аввалҳо рашк мекард, вале оқибат ба ин меҳри азалии падарам муросо кард. Духтари додарамро Саида ном монданд, ҳамон зан ҳоло дар куҷо бошад?!”,- аз ронанда пурсид ҷавонзан, аммо ронанда ҳарчанд хотироташро ҷустуҷў кард, ин гуна одамро наёфт…

Дилдора парешон буду баъд рўзгори худашро қисса кард: “Падарам маро ба писари як ҷўраи сарватмандаш дод. Ҳамсарам нашъаманд будааст, баъди марги падарам маро талоқ дод. Имрўз, дар маркази вилоят иҷоранишинам ва дар боғчаи бачаҳо ошпаз шуда, кор мекунаму рўзи ду писаракамро мебарам… Духтари раис будаму имрўз...”.

Ростӣ, дилам ба ҳоли Дилдора сўхт ва ғайриихтиёр забон ба насиҳаташ кушодам: “Духтарҷон, зиндагӣ пасту баландиҳои зиёде дорад. Мубориз бурдан даркор, бовар дорам Худованд мушкили туро ҳал хоҳад кард”.

Баъди чанде мо ба маркази вилоят расидему Дилдора бо мо хайрухуш карда, аз мошин поён шуд. Либосу пойафзолаш фарсуда, худаш парешону ғамзада… Худам ба хотирам расидам, ки чандин сол пеш аз дасти падари ў ҳамин авҳолро доштам. Зери лаб дуо кардам, ки Худованд мушкили ўро осон кунад…

Мақсади рўйи коғаз овардани қиссаи зиндагиям ҳушдор ба мардон аст, ки пеш аз он ки тақдиреро мешиканед, андеша кунед, бародарони азиз!

САИДА

Таснифи Нисо ХОЛИД   

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД