Раис баъди хатми табобат ману духтурро як бегоҳ ба зиёфат даъват кард. Зиёфат дар лаби дарё мегузашт. Он ҷо ману духтур будему раис, тамом…
Баъди хўрдану нўшидану сурудҳои ором гўш кардан, раис аввал духтурро ба хонааш бурд, ҳарчанд ман хоҳиш кардам, ки маро назди хонаи хусурам фарорад, ў гуфт:
- Не, ман туро деҳа мебарам, аммо мошинро сўйи дигар ронд.
Ман низ чизе нагуфтам, зеро алакай соҳиби чашмони зебои хушнигоҳро дўст медоштам…
Муҳаббат омаду…
Он шаб ману раис ба ноҳияи ҳамсоя рафтем ва дар хонаи муҷаҳҳази зебо то субҳ бо ҳам будем… Пас аз ин, дигар мо бе ҳам наметавонистем. Суҳроб маро аз ҷонаш зиёдтар дўст медошту дар як муддати кўтоҳ мувофиқи дили худаш симои зоҳириямро дигар кард. Акнун, дар ноҳия маро чун зани дуюми раис мешинохтанд. Мо никоҳи мусулмонӣ надоштем, вале мисли зану шавҳар зиндагӣ мекардем. Суҳроб ба хонаи мо омада мерафт, вале рўзона, баъзан шабҳо низ бо ман мемонд. Ман ба модарам дурўғ мегуфтам, ки мо никоҳи мусулмонӣ дорем. Аз Суҳроб хоҳиш мекардам, то барои тозагии муносибатҳоямон ақди никоҳи мусулмонӣ бандем, аммо ў розӣ намешуд.
Аҳли оилаи Суҳроб низ дар ноҳияи мо зиндагӣ мекарданд, ў як писару як духтар дошт. Духтараш Дилдораро зиёд дўст медошту эрка мекард. Занаш аз муносибатҳои мо огаҳ бошад ҳам, ягон бор на ба сари ман омада буду на дар бораам ягон ҳарфи нохуб мегуфт. Суҳроб бисёртар бо ман буд, барои ягон кор ба дигар шаҳру ноҳияҳо равад, албатта маро ҳароҳаш мегирифт. Ёрии иқтисодӣ ҳам мерасонд, дўстдории ўро нисбат ба худам намедонам, вале ман ўро девонавор дўст медоштам. Хусуру хушдоман ва модарам ҳамеша насиҳатам мекарданд, ки ба «шавҳарам» гўям, то бароям хона харад, вале Суҳроб ваъда медод, ки ҳамин ки додаратро зан додед, ман бароят дар пойтахт хона харида, туро ба он ҷо мебарам… Ман ба ҳар ҳарфи ў бовар мекардам, зеро дўсташ медоштам!
Ҷудоӣ…
Суҳробро ҷойи дигар ба кор гузарониданд, ў ба хотири ман зану фарзандашро он ҷо набурд. Ҳар шанбею якшанбе меомад ва бо ҳам дидор медидем. Ман медонистам, ки ин ҳолат дер давом намекунад ва ў ҳамсару фарзандонашро наздаш мебарад. Вақтҳои охир ў аз ҷудоӣ ҳарф мезаду диламро хун мекард. Ваъдаашро ба хотираш меовардам, аммо ў “ту дар Душанбе танҳо чӣ кор мекунӣ?” гўён ба сарам дод мезад. Пеши пояш афтода, гиряву зорӣ кардам, гуфтамаш, ки ту маро назди дўсту душман шарманда накун! Аммо ў ҷуз ҳарфи ҷудоӣ ба лаб чизи дигар надошт, гиряҳои ман ба дили санггаштааш асаре надоштанд…
Дидам, ки намешавад, аз гиребонаш гирифтаму гуфтам: “Худованд ҳамин рўзи ман ба сари духтарат биёяд! Намаки ишқам кӯрат кунад! Бирав, озодӣ”!
Суҳроб рафт, вале сўзи ҷонамро худам медонистаму Худованди муттаол. Рўзи дигар ба нею нестони модарам нигоҳ накарда, чанд сомонии доштаамро гирифтаму омадам ба пойтахт. Дар пойтахт як шинос доштам, ҳамсабақи ӯзбекам Гулҷамол, медонистам ў дар беморхонаи бонуфузе ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекунад. Гулҷамол маро хуб пешвоз гирифт, арзамро шунида, ҳамроҳаш ба хонааш бурд. Шавҳараш дар Русия буду бо хоҳари донишҷўяшу ду кўдакаш дар хонаи дуҳуҷрагӣ зиндагӣ мекард. Баъди як ҳафта бо ёрии Гулҷамоли меҳрубон соҳиби ҷойи кор низ шудам. Акнун бештари вақтамро дар беморхона мегузаронидам. Оҳиста-оҳиста ба хонаи иҷора кўч бастам. Дар иду айём ба хабаргирии пайвандонам мерафтам. Додаронам, ки мард шуда буданд, маслиҳат карданду ба Русия рафтанд ва баъди се соли иҷоранишинӣ дар пойтахт бароям хонаи дуҳуҷрагӣ хариданд. Акнун гоҳ-гоҳ писарамро ба хонаам меовардаму аз зиндагии хеш розӣ будам. Модараму додаронам пайваста аз ҳолам хабардор мешуданд, додаронам соҳиби оилаву ҷойи кору пулу мол шуданду нафаси осуда кашидам. Назари харидоронаи мардонро ба сўям эҳсос мекардам, хостгорони зиёде доштам, аммо дилам аз мард монда буд, азм карда будам, ки ҳеҷ гоҳ ёди шавҳар нахоҳам кард…
(Давом дорад)
САИДА
Таснифи Нисо ХОЛИД