Имрӯз яке аз устодони санъати тоҷик, сарояндаи машҳури таронаҳои халқӣ ва фалак Давлатманди Хол ҷашни зодрӯз дорад. Нақши ин марди ҳунар дар рушду такомули санъати миллии мо хеле бузург аст.
Давлатманди Хол 26-уми октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод дар оилаи ҳунарманди суннатии тоҷик ба дунё омадааст. Ӯ таҳсилро соли 1958 аз мактаби деҳа оғоз намуда, соли 1963 дар мактаб-интернати ба номи А. Деҳотии шаҳри Кӯлоб ва соли 1964 дар интернати давлатии «Коммунизм»-и деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) идома медиҳад.
Соли 1971 ба шӯъбаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм кардааст.
Давлатманди Хол баъди хатми донишкада дар театри давлатии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба фаъолияти эҷодӣ шуруӯъ мекунад.
Ин ҳунарманди асил ҳамеша дар пайи ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ буд ва дар пайи ҳамин талшҳо 20-июли соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Давлатманд Холов дар назди театри мусиқӣ- драмавии шаҳри Кӯлоб ансамбли давлатии “Фалак” таъсис меёбад.
Устод Давлатманди хл муддати 5-сол дар ин ансамбл заҳмат кашида, соли 2004 баъди таъсис ёфтани ансамбли давлатии “Фалак”- и Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ҷо ба ҳайси роҳбари бадеӣ кор ва фаъолият кардааст.
Айни ҳол Давлатманди Хол дар Консерватория миллии Тоҷикистон ба номи Талабшоҳ Сатторов ба ҳайси омӯзгор кор карда истодааст.
Ин ҳунарманди маъруфи тоҷик қариб ба 100 кишвари олам беш аз 150 маротиба сафарҳои ҳунарӣ намуда, санъати милли тоҷикро ба олимиён муаррифӣ кардааст.
Саҳми Давлатмади Хол дар рушду нумӯъи санъати миллии мо хеле бузург аст ва аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ устодро бо ҷашни милдашон сидқан муборакбод гуфта, ба ин ҳунарманди асил умри дарозу кмёбиҳои беназирро орзуманданд.