Arzon march 2024
Бӯсаи аввалин Қисми 3
07.01.2023
ОИЛА
1912

 

Холааш Бону ӯро гарм ба оғӯш гирифта, аз пешонаи тафсонаш бӯсид. Оби гарм оварда, амр кард, ки сару рӯяшро шӯяд. Ба пешаш косаи хомшурборо гузошт.

Бек ҳис кард, ки хеле гурусна мондааст. Ҳарисона хӯрокро нӯши ҷон карда, ба хоб рафт.

Аз байн се рӯз гузашт. Аз деҳаашон касе ба суроғаш наомад. На хабаре буду на овозае. Бегоҳии рӯзи чорум Бек бо тарсу ларз дар ҳавлиашон пайдо шуд.

- О, дар куҷо мегардӣ? - бо чунин савол модараш ӯро пешвоз гирифт. - Як даҳан гап нагуфта, ғайб задӣ. Талхаам кафид. Бачаам куҷо шуд гуфта, дари чанд хона рафтам. Линчаю пешдоманҳоятро аз хонаи ҷӯраат Шералӣ ёфтам. Хайрият, бачаи Сафол хабари дар хонаи холаат гаштанатро оварду дилам таскин ёфт…

Бек бо сари хам гилаи модарро гӯш мекард.

-Бечора Мастона се бор ба суроғат омад.

 -Мастона?! Оча, Мастона омад?-ранги рӯи Бек аз аввала ҳам сафедтар шуд.-Барои чӣ омад?

-Аз худаш пурс,-ҳайрон шуд модар ва бо як шавқи махсус ба изтироби дар қалби писараш ҷӯшида аҳамият надода, суханашро давом дод. -О, ман бо модари Мастона дугонаи ҷониям. Як моҳ пеш бо тарзи шӯхӣ ба Шукуфа гуфта будам, ки ҳамин духтаратро ба келинӣ мегирам. Шукуфа хандида ҷавоб дод, ки як духтар садқаи сарат. Насиб карда бошад, бачам мактабро тамом кардаю дипломи донищгоҳро, ки овардӣ, тӯю тамошо дода, Мастонаро арӯс карда, ба хона меорам…

Аммо Бек ба суханони модар гӯш надода, ба сари Салима давид. Ҷавоби Салима низ ӯро қонеъ накард.

-Фақат туро пурсиду халос.  

Бо сари хаму дили пурхавотир Бек ба хонаи хоб даромад ва худ ба худ савол дод.

-Барои чӣ Мастона ба хонаи онҳо омада бошад? Маълум! Охир, Мастона гурехтанашро дида буд - ку. Аз баргаштанаш дарак ёфта, бародарашро барои додани ҷазо огоҳ карданист.

Ин шаб ҳам Бек бароҳат хоб нарафт. Ӯро гоҳ Аслиддин қину азоб медод, ё ки мори сиёҳи афъӣ тамоми баданашро ҳалқавор печонида мегирифт.

Пагоҳӣ аз ҳама дер Бек дилу бедилон ба сари майдони пахтазор ҳозир шуд. Ҳашарчиён аллакай як пешдоманӣ пахта чида буданд. Ӯ пешдоман баста, бари Тахмина рост шуд. Духтар бо овози баланд ба сараш дод зад.

-Дар кадом гӯру лаҳад мегардӣ? Бечора Мастона се рӯз боз барои ту ҷӯяки пахта мегирад. Имрӯз ҳам ӯ туро интизор аст.

Гӯё куҳи азимеро аз китфи Бек гирифта бошанд, ки ӯ худро чун парасту сабук ҳис кард. Қитъаи замин, дарахтзори деҳа, қатортеппаҳои Уртабуз, хати борику мормонанди дарёи Вахш ва хуршеди чашмхиракунанда ба якборагӣ тобиши дигар гирифтанд ва ӯ бехудона фарёд зад.

-Чӣ гуфтӣ? Ҷӯяки пахта гирифт?

Ва ӯ ба Таҳминае, ки ангушти ишоратиашро ба чакаи сараш бурда, тоб медод, нигоҳ накарда, сӯи ниҳолаки рӯймолсурхаки дар баҳри кабуд шинокунанда давида, ҳарсасзанон дар рӯ ба рӯйи духтар рост шуд. Ниҳолаки рӯймолсурхак сар бардошт. Нигоҳи чашмони духтар ҳисси бахшишро ифода мекард.

-Кӣ туро гуфт, ки рафтори беадабона кунӣ? - аввалин шуда Мастона хомӯшии кутоҳмудати байни онҳо ба миён омадаро барҳам дод.

-Дилам!

-Дилат? - ифодаи тааҷҷуб дар чашмони Мастона инъикос гардиданд..

-Ҳа, дилам -бори дигар такрор кард Бек.

-Бовар намекунам,-сабук хандид Мастона ва рӯйи аланга гирифтаашро бо дастонаш пӯшид.

-Имтиҳонам кун,-Бек овози худро нашинохт.

Вақташ ояд, албатта туро месанҷам,-абрӯвони духтар гиреҳ бастанд. - Ҳоло ҳушдорат мекунам. Дигар маро мабӯс, то ки ба сарат ягон балоро набиёрам.

Бек дар овози духтар меҳру навозишро эҳсос намуд.

-Мебӯсам!-ҷуръат пайдо карда ҷавоб гардонд Бек.

-Чӣ-ӣ? Чӣ гуфтӣ?-Мастона пешдоманашро аз миён кушода, бо таҳдиди шодиомез ба сӯяш давид.-Ман ба ту бӯсиданро нишон медиҳам.

-Мебӯсам, мебӯсам ва ҳазор бор мебӯсам,-Бек инро гуфта, тарафи хирман гурехт.

Духтар пешдоманашро алвонҷ дода, аз қафои ҷавон медавид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД