Бек дар кӯчаи торики деҳаи Зарбдор қадам зада, худро дашному мазаммат мекард.
-Аблаҳ! Ҳайвон! Бефаросат! Пеш аз рухсораи духтарро бӯса ситонӣ, чаро фикр накардӣ, ки оқибати ин амали аҳмақона ба чӣ оварда мерасонад…
х х х
…Нисфирӯзӣ. Офтоб пахтазорро бераҳмона метафсонд. Бек сари замин баромада, пешдомани пури пахтаашро аз миён кушод. Арақи сару гарданашро бо остини куртааш пок карда, ба атроф чашм давонд. Чинакчиён аллакай мисли тӯрнаҳо қатор шуда, халтаҳои пурбор бар китф ҷониби хирман мерафтанд. Аз дил гузаронд:
-Аз афташ боз қафо мондам.
Ба тарафи муқобил рӯй тофт. Теғи нигоҳаш ба Мастона бархӯрд. Духтар сари зону дар лаби шохоб хомӯшона менишаст. Исту бисташ нимпайкараро мемонд, ки аз ҷараёни об чашм намеканд. Дар ин ҳол Бек мусаввараи кадом рассомеро ба хотир овард. Мастона рухсораашро болои кафи дасти рост гузошта, бо оринҷи дасти росташ ба зонуи пойи рост такя дошт. Сараш саҳл ба тарафи китфи росташ моил буд. Рухсораи чапаш дар зери шуои хуршед ба себи хубонӣ шабоҳат дошт. Ва ин себ гӯё сеҳре буд, ки ақлу ҳуши ҷавонро рабуд. Ин лаҳза қуввае Бекро тела дод ва худаш болои сари духтар беовоз рост шуданашро надонист. Хун ба сараш зада, ҳарорати баданаш якбора боло ҷаст ва ин ҷумла дар сараш чун барқ шӯъла зад:
-Ҳар чӣ бодо бод!
Чашмонашро пӯшид. Хам шуд ва бори аввал дар ҳаёташ лабони хушку парсингбастаашро ба рухсораи чапи гарми духтар часпонд.
Мастона якбора аз ҷояш хесту дод зад:
-Ин чӣ кори кардагиат буд? Гум шав аз назарам! Бегоҳ ба акаам мегӯям. Ӯ ҷазои туи бефаросатро медиҳад!
Гӯё ба сари Бек як сатил оби хунук рехта бошанд, ки баданаш якбора сард гашт. Пардаи нафиси рангин дарида, нури чашмонаш равшан шуд. Парвози тахаюлоти орзуҳои ширинаш хотима ёфт ва ӯ худро дар само нею дар замин дар рӯ ба рӯи духтари ба қаҳр омадаю фарёдзананда дарёфт.
Даҳшати ба сараш омадаро Бек акнун дарк намуд. Мастонаи чашмонаш оташбору муштонаш гиреҳбастаро дар сари шохоб монда, тарафи заҳбур гурехт. Ҳангоми давидан пояш ба пешдомани худаш андармон шуду болои ниҳолҳои пахта афтид. Аз заҳбури пуроб шинокунон гузашта бошад ҳам, ҳарорати баданаш паст нагашт. Таҳдиди Мастона бетанаффус дар гӯшаш садо медод
-Ба акаам хабар мекашам! Ӯ ҷазои туи аблаҳро медиҳад!
Аслиддини 25-сола тобистон дар мусобиқаи гӯштигирони ноҳия дар вазни 90 килограмм ҷойи аввалро гирифта буд.
-Эҳ, мани бекалла! О, вай бо ду ангушташ гулӯи маро бӯғӣ мекунад. Ё чун тӯби футбол ба бозӣ медарорад. Акнун чӣ кор кунам? Ба куҷо гурезам? Дар ҳақиқат ҳайвони бешох будаам. Гапи киро гӯш кардам - а!..
х х х
…Садои хандаро шунида, Бек сар бардошт. Даҳ қадам дуртар дар байни ҷӯякҳои пахта Иброҳиму Шариф болои пешдоманҳои пури пахта нишаста суҳбати гарме доштанд. Шариф дастакзанон қиссаи аҷоиберо нақл мекарду Иброҳим бо як дасташ шикамашро дошта, бо дасти дигараш чашмони аз ханда пуробашро пок мекард. Охир, Иброҳим тоқат накарда, илтимос намуд:
-Э, бас! Э, бас! Аз ханда рӯдаҳоям канда шуд.
Хишир - хишири баргу пояҳои ниҳолҳои пахта хушҳолии онҳоро хотима бахшид. Ҳар ду баробар гардан тофтанд.
-А, ин туӣ Бек,-аввалин шуда, Шариф тааҷҷуби худро изҳор кард.-Дар хондан пешсаф будӣ, боз мехоҳӣ дар пахтачинӣ ҳам пешкор бошӣ? «Пахта гуфта», боз худатро накушӣ. О, мо барин ба духтарҳо гап партоӣ, ягон ҷоят каҷ мешавад? Бо нозанине ишқварзӣ кун. Шабҳо ман барин азоб кашида, ба соҳибҷамоле мактуби ошиқона навис. Як ба атрофат назар кун. Бачаҳо бо ёрони худ суҳбатҳои маҳрамона доранд…
Давом дорад