Тиллофурӯшро ғорат карданд!
Ривоят мекунанд, ки рӯзе Шайтон назди Худованд рафт ва забон ба шиква кушода гуфт:
-Худовандо, ту барои Одам ва тамоми махлуқоти дигари офаридаат маконҳои зебое барои дилхушӣ тақдим намудаӣ. Ба ман ҳам маконе тақдим намо, то тавонам дили худро он ҷо хуш дорам.
Худованд ҷавоб дод:
-Макони ту бозор аст. Бирав ва ҳар қадар мехоҳӣ он ҷо дилхушӣ кун!
Ин ривоят бар он далолат мекунад, ки бозор макони шайтанат, дурӯғу фитина ва макру фиреб аст, шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки ҳодисаҳои нохуш бештар маҳз дар бозорҳо рӯй медиҳанд.
Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани як ҳодисаи нохуш дар яке аз бозорҳои калонтарини пойтахт-Бозори Корвон хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, як зани 34-солаи сокини пойтахт бо ариза ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуда, аз дуздида шудани гушвораҳои тиллоӣ аз мағозаи ҷавоҳироташ, ки дар бозори “Корвон” воқеъ гаштааст, шикоят кардааст.
Кормандони мақомоти милитсия дар пайи шикояти ин зани савдогар як зани 36-солаи сокини ноҳияи Восеъи Вилояти Хатлонро боздошт намудаанд, ки дар дуздии ҷавоҳирот муттаҳам дониста мешавад. Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.