Барои фаҳмидани бозор - онро мисли конструктор бояд ҷудо кард. Инҳоянд унсурҳои асосӣ:
1. Сегментҳои бозор
Мисли классҳои персонажҳо дар бозианд.
Ҳар як сегмент - гурӯҳи одамон бо завқи монанд.
Мисол:
• Apple - барои касоне, ки услуб, роҳатӣ ва нуфузро меписанданд.
• Samsung - барои онҳое, ки мехоҳанд максимуми функсияро бо нархи оқилона гиранд.
2. Нишаҳо
Ин аллакай мисли "миссияи махсус" аст.
Мисол: мағозае, ки танҳо барои соҳибони сагҳои нодир хизмат мерасонад.
Мизоҷон каманд - вале содиқанд ва арзиш ба тафсилот медиҳанд.
3. Макросегментҳо ва микросегментҳо
• Макросегмент: Наврасони 14-18-сола, ки ба технология таваҷҷуҳ доранд.
• Микросегмент: Геймери 15-сола, ки PlayStation бозӣ мекунад ва шабона фаъол аст.
Чӣ қадар, ки ту шунавандаи худро аниқтар фаҳмӣ - ҳамон андоза осонтар маҳсулот тавлид мекунӣ, ки онҳо мехоҳанд.
ХУЛОСА
Фаҳмидани бозор - мисли доштани харитаи хуб дар сафар аст.
Он ба ту нишон медиҳад:
• куҷоӣ;
• киҳо дар атрофат ҳастанд;
• ба куҷо рафтан лозим аст.
Агар ту бозори худро донӣ - дар торикӣ роҳ намеравӣ.
Ту медонӣ, ки дар куҷо имконият воқеан интизор аст.
Аз китоби Шавкат Бозоров - «Анатомияи бизнес»
https://www.facebook.com/profile.php?id=61574708436821&rdid=Z54ay0UxV7vQ211n#