Нахли умед
Маҳина соҳиби як духтару як писар гашт, аммо ҳамин зиндагии бе ишқ ва берангаш ҳам ба ҷавонзани бетолеъ вафо накард. Шавҳараш аз олам чашм пӯшиду Маҳина рӯймоли сиёҳ дар сар бо ду фарзандаш ба хонаи модараш баргашт.
Фарзона боз бева мондани зани якуми шавҳарашро шунида, ба ташвиш афтид. Вай бо роҳи фиреб ба пойи шавҳараш якумра завлона задан мехост, зеро медонист, ки Шукрулло то ҳол Маҳинаро дӯст медораду барои бахти аввалаш месӯзад.
Макри зан
Як бегоҳ Шукрулло барвақттар ба хона баргашт. Фарзона дастони нозукашро ба гардани шавҳараш ҳалқа карда, гуфт:
- Шодиёна деҳ, азизам! Ман ба ту сюрпризи олиҷаноб дорам!
- Хайр, чӣ будааст он сюрпризат?,- пурсид бо тааҷҷуб Шукрулло.
- Ман ҳомиладорам,- ғолибона эълон намуд Фарзона.
Рангу рӯи Шукрулло яку якбора пахта барин сафед шуду пойҳояш бемадор гаштанд, гӯё ӯро барқ зада бошад, ҷон аз дасту пояш баромад.
- Ба шумо чӣ шуд? Магар хурсанд нашудед?,- бо тааҷҷуб пурсид ҳамсараш.
- Чӣ хел фарзанд? Ин номумкин аст!,- якбора авзояш беҷо шуда, ба сари занаш дод зад Шукрулло,- ту маро аҳмақ хаёл кардӣ? Барои чӣ ин корро кардӣ?! Фарзанди ҳаромиат ба ман лозим нест!
Фарзона, ки чунин ранг гирифтани корро интизор набуд, аз тарс мисли барги бед меларзид. Очаю духтар мехостанд бо роҳи фиреб Шукруллоро якумра пойбанд намуда, молу сарвати ӯро соҳибӣ кунанд, вале хаёлашон хом баромад. Беҳуда «дуздию ғарӣ паси саргини хар» нагуфтаанд. Шукрулло ҳамсари маккораашро зери мушту лагад гирифту Фарзона иқрор шуд, ки ба шавҳараш хиёнат карда, аз марди дигар ҳомиладор шудааст. Вай худро пеши пойи шавҳараш партофта, зорию тавалло мекард, ки аз гуноҳаш гузарад. «Ҳар чӣ кардам, ба хотири хушбахт шудани ту кардам»,- мегуфт Фарзона ва зор-зор мегирист, вале Шукрулло ҳамон замон ҷавоби зани хиёнаткорашро дода, ӯро шармандавор аз дар берун кард.
- Дигар пою қадами ҳароматро ба ин хона нагузор!,- таъкид намуд марди фиребхӯрда ва чизу чораи Фарзонаро аз дарвоза ба берун ҳаво дод.
Бозгашти бахти аввал
Маҳина акнун ду тифлаки дӯстрӯяк дошт, вале ҳанӯз умедашро аз Шукрулло наканда буд. Вай боварӣ дошт, ки рӯзе ҳатман Шукрулло ба суроғаш меояд ва хонаи вайронаашро аз нав обод месозад.
Пешгӯиҳояш рост баромаданд. Баъди аз занаш ҷудо шудан, Шукрулло боз дари хонаи модари Маҳинаро кӯфта, ҳамсарашро дубора хостгорӣ намуд. Ду дилдодаи ошиқ аз нав якҷо шуданд. Акнун ҳаёташон аз пештара дида рангину зеботар гашта буд, чунки онҳо танҳо набуданд. Фаруху Замира ба зиндагии Шукруллою Маҳина ҳусну таровати тоза мебахшиданд…
Сурайё РАБИЕВА, ш. Ҳисор