Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025 дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дуюмин бозии санҷишии худро дар машқҳои дастаҷамъӣ дар шаҳри Дубай анҷом дод.
Ин дафъа дастаи мо бо ҳамтоёни худ аз Кореяи Ҷанубӣ бозии санҷишӣ доир намуданд. Бозӣ бо ҳисоби 5:0 бо пирӯзии Кореяи Ҷанубӣ ба анҷом расид.
Дар бозии дӯстонаи навбатӣ дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон 30-юми октябр бо ҳамтоёни худ аз Мексика рӯ ба рӯ мешавад.
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии аввали санҷишӣ бо Каледонияи Нав мусовӣ - 1 бар 1 бозӣ кард. Голро аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммад Назриев зад.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Чехия (5-уми ноябр), ИМА (8-уми ноябр) ва Буркина Фасо (11-уми ноябр) бозӣ мекунад.