Sebiston new 2024 october
БОЗИИ ҚИСМАТ ҚИСМИ 2
2225

 

Даруни синаи сардам дили садпора мегиряд,

Миёни хонаи бекӯдакам гаҳвора мегиряд.

Зи базми гарми шоҳон хандаи мастона меояд,

Ба чашми ман, вале ҳар хишти бурҷу бора мегиряд.

Зебо якбора сабраш охир шуду баланд гиря кард.

-Эҳ Худоҷонам, ба мани бефарзанд фарзанд ато кун, садои кӯдак дар ин хона танинандоз гардад. Худои ман дастамро бе раҳматат барнагардон, илтиҷо дорам.

Олимҷон ноништа накарда, ба коргоҳ рафт.Зебо бо чашмони сурху аз гиря варамида сӯйи ташноб рафта, рӯяшро шуст.

Хушдоманаш ин ҳолати ӯро дида, хеле насиҳат карда, сипас гуфт, ки “Ҳозир аз Олимҷон иҷозат мегирам, ба хонаи очаат рафта, як ҳафта дам гир, ҳамааш хуб мешавад”.

-Майлаш,холаҷон, -боз гиря гулӯгираш кард.

Зебо ба хонаашон омад. Модараш ҳис кард, ки духтараш сахт озурда аст, вале чизе напурсид. Хислати духтарашро медонист, ки то худаш дилаш кушода нашавад, аз ҳолати руҳиаш гап намезанад.

Ҷавонзан шабҳои дароз намози истихора мехонд,барои худаш дуо мекард. Олимҷон муддати ду ҳафта ҳатто ба хабаргириаш наомад. Фақат бо телефон гуфт,ки “Зебоҷон, аз кори хонаи мо хаста шудаӣ, дар хонаи волидонат каме дам бигир.

Зебо гуфт,ки чаро ба дидорбинӣ намеоӣ?

-Аз кор хаста меоям,вақт надорам.

-Охир, дар вақташ ҳатто як соат бе ман наметавонистӣ?

-Зебо,гапи зиёдатиро мон.Хонаи бекӯдак мазор аст. Ту магар бароям писар ё духтар таваллуд кардӣ?

-Оҳ... ту... бо ин суханат бе кордмаро куштӣ.

Зебо аз ҳуш рафт. Падару модар ӯро ба беморхона бурданд.Муъҷизаи Худовандӣ рӯй дод. Баъди ташхиси тиббӣ табибзан хушхабар расонид, ки Зебо ҳомиладор аст.

Зебо ин хабарро шунидан замон қарсак зад,тифл якмоҳа буд.

-Худоям, ташаккур ба ту. Садоямро шунидӣ, дастамро бе раҳматат барнагардондӣ.Дастам ба дастат Худоҷонам.

Ӯ буҷули аспро гирифту хурсандона ба хонаи шавҳар рафт.

Дами дари ҳавлӣ меҳмонон меистоданд.Ӯ ҳайрон шуд.Салом доду ба ҳавлӣ даромад. Хусураш ӯро дидан замон:

-Ҳа келин, тинҷӣ мӣ, хабар накарда омадӣ?

-Тағоҷон, як хушхабар дорам.

-Хона даро,гапҳаст.

Зебо ба меҳмонхона даромад. Шавҳараш бо ҷавонзани оростае таги чимилиқ меистод.

-Олимҷон, ту зан гирифтӣ?

Меҳмонону домоду арӯс ва хушдоманаш ҳайратзада ба ӯ нигаристанд.

Зебо буҷули аспро аз тугунчааш бароварда, бо гиря гуфт:

-Олимҷон, ба хотират ҳаст? Инро даруни сандуқ гузоштем, ки рӯзе соҳиби писар мешавем. Аммо ту ба ман хиёнат кардӣ? Ҳамагӣ ду ҳафта ман бо ту набудам, ту зан гирифтӣ?

-Э гови қисир, рав аз ин ҷо, шавҳарат маро никоҳ кард,-шарм надошта, сӯяш дод зад Дилоро.

-Олимҷон, холаҷон,ман меравам. Хушбахт бошӣ. Хабари хушам ин буд, ки ман ҳомиладор шудаам.

-Дурӯғ мегӯӣ, -гуфт шавҳараш, аммо Зебо тез- тез қадам монда, аз ҳавлӣ баромад. Ашки талх дидагонашро мешуст. Касе аз пасаш набаромад. Аз байн ду сол гузашт. Зебо ҳоло соҳиби як писарча асту ҳамроҳи бародараш дар муҳоҷират қарор дорад. Шавҳараш пушаймон шуда, аз Дилоро ҷудо шудаасту зорӣ дорад, ки бо ҳам зиндагӣ кунанд.Аммо ӯ намедонад, ки розӣ шавад ё на?Аз бевафоии шавҳар бисёр дилозурда гаштааст.

Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД