arzon replenishment
Бозии дӯстонаи дастаҳои Тоҷикистону Беларусро доварон аз Ӯзбекистон доварӣ мекунанд
214

Бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Беларусро ҳайати доварон аз Ӯзбекистон ҳакамӣ мекунад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, довари ФИФА Рустам Лутфуллин довари марказӣ хоҳад буд. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш - ёварони довари ФИФА Санҷар Шоюсупов ва Акмал Ғиёсов кумак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон вогузор шудааст.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Беларус 20-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешавад. Нархи чипта 20 сомонӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД