Formula 2025 may
Бозгашти шавҳари ношукр (ҚИСМИ 2)
16.05.2025
ДИЛОШӮБ
1510

Мусибат

Талоши духтурон самаре надоду баъди ду рӯз ҷасади сарди холаамро ба хона овардем. Ман холаамро аз модарам зиёдтар дӯст медоштам ва ин талафот бароям миёншикан омад. Насим танҳо то чили модараш тоқат кард ва боз сар шуд шабгардию дер омаданаш. Кор то ҷое расид, ки ҳангоми дар хона буданаш низ ба ман умуман аҳамият намедод, танҳо бо писаронам дилу бедилон гап мезаду халос.

Баъди ду моҳи марги холаам Насим ба ман гуфт, ки мо бояд ҷудо шавем. Чун сабаб пурсидам, гуфт, ки каси дигарро дӯст медораду ӯ ҳомила аст. Баъдтар фаҳмидам арӯсаш кист. Ҳамон духтурзани ҳамроҳаш ба Олмон сафар намуда. Дар урфият мегӯянд, ки сагро ба зӯрӣ шикор бурда намешавад. Ман розӣ шудам. Насим ҳатто хотири хешутаборӣ ва ду писари нозанинамонро накарда, эълон дошт, ки ҳавлиро мефурӯшаду барои ҳардуямон хона мехарад. Ба ин ҳам чизе нагуфтам. Ин марди аз ишқ кӯршуда ҳавлии бо азобҳо обод кардаи модарашро фурӯхта, барои ману писаронам як хонаи якҳуҷрагии бетаъмир дар як гӯшаи шаҳр гирифта доду бо ҳамин аз ҳаёти мо ғайб зад. Ба ӯ на насиҳатҳои хешу табори падарияш таъсир мекарданду на гиряву зории модарам, аммо ман аз ӯ сахт ранҷида будам, муҳаббати доштаам ба нафрати бепоён табдил ёфта буд. Ба қавле миёнамро аз ҳафт ҷояш баста, ба зиндагии нав оғоз кардам…

Зиндагии бе такягоҳ

Падарам дар ин байн аз дунё гузашту додаронам ба хотири дили ман аз ҳисоби худашон хонаамро таъмир карда доданду ман онро бо ҷиҳози рӯзгоре, ки аз ҳавлӣ ҳақи ту гӯён Насим дода буд, оро додам.

Дар наздикии хонаамон мактаб воқеъ буд, ҳамон ҷо ба кор даромадам, директори мактаб бонуи хубе будаасту баъди шунидани саргузаштам маро ба кор гирифт. Писаронамро низ ба ҳамин мактаб гузаронидам, аробаи шалақи зиндагӣ бо маоши муаллимӣ пеш намерафт, аз ин рӯ, ширинӣ пухта, ба магазини хӯроквории дар назди мактаб буда медодаму каме маблағи дигар пайдо мекардам. Оҳиста-оҳиста писаронам қад кашида ба воя мерасиданду дар пухтупаз ба ман ёрӣ медоданд. Оҳиста-оҳиста барои даҳ - дувоздаҳ магазин ширинӣ пухта мебурдем, фаромоиш низ қабул мекардем. Зиндагиямон миёна мегузашт.

Насим тӯли солҳои мушкилот доштанамон як бор аз дарамон даромада ба ду шаҳписараш ёрӣ намерасонид, ман аз алимент дар суд даст кашида будам, зеро бо ин палид ягон муносибат доштан намехостам. Ҳамин тавр, писаронам мактаби миёнаро хатм намуда, бо дониши худ ҳарду ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуданд. Онҳо рӯзона мехонданд, баъди дарс кор мекарданд. Кори доимӣ надошта бошанд ҳам, як бало карда барои ҳарҷи худашон ва маҳсулоти хӯроквории хона пул меёфтанд. Дилам ба ҳоли писаракони коркӯфтаам месӯхт.

Насим бо зани навашу духтари аз ӯ ёфтааш хориҷа ба хориҷа гашта, боре ба гӯшаи хотираш намеовард, ки писар дорад. Хушхабарҳо меомаданду мегуфтанд, ки барои зани наваш қасру кушк сохтаасту фалону бисмадон, аммо ман чизе намегуфтам, шукронаи ҷони писаронамро мекардам…

(Давом дорад)

САБОҲАТ

Таснифи ДИЛОШӮБ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД