Arzon march 2024
Бозгашти шавҳари арўсбоз (ҚИСМИ 1)
3033

Ягона

Дар оилаамон духтари ягона будам, номам ҳам миёни номҳои духтарона камназир аст, Ягона! Падару модарамро ишқи бузург ба ҳам овардаву онҳоро хешу табор, ҳаққу ҳамсоя Лайлӣ ва Маҷнун мегуфтанд.

Миллати модарам қазоқ аст, падарам ҳангоми таҳсилаш дар яке аз донишгоҳҳои Қазоқистон ба ў ошиқ мешавад ва ўро ба Тоҷикистон меорад. Волидайн ва ду бародари модарам зидди ин издивоҷ бошанд ҳам, модарам бо ҷавонписари абрўсиёҳи тоҷик фирор мекунад. Ин ҷо аз қайди никоҳи расмӣ мегузаранд ва дигар касе наметавонад онҳоро ҷудо кунад. Модарам мегўяд, пайвандони падарам ҳам аз дидани духтараки миёнақади гандумгун бо қиёфаи туркӣ дар бари писари нозанинашон хурсанд набуданд, аммо интихоби писарашонро пазируфтанд. Пас аз таваллуди ман, волидонам ба пойтахт кўч мебанданд. Падарам дар як завод аз рўи тахассусаш фаъолият мекунад, модарам бошад, дар мактабе ба ҳайси муаллими забони англисӣ ба кор шурўъ мекунанд. Баъди чанде ба падарам аз ҷойи кораш хонаи истиқоматӣ медиҳанд. Дар як гўшаи орому хушманзари пойтахт дар хонаи сеҳуҷрадори зебое ба воя мерасидам. Дар синфи шаш мехондам, ки падарамро бемории саратони ғадуди зери меъда аз мо рабуд…

Заҳматҳои модар

Бибии падариям модарамро ҳамеша таъна мекард, ки “духтаратро Ягона ном гузоштиву ба касофти ин ном дигар фарзанддор нашудӣ, дилат ба писари ман насӯхту «дум»-ашро сар надодӣ, ки зан гирифта, фарзанди дигар ба дунё биёрад. Писарам аз дунё бе нишон рафт!”

Модарам бо гиря мегуфт:

- Аввалаш ин ки ман не, писаратон духтарашро Ягона ном кард, баъдан, писари шумо мегуфт, ки ман духтарамро аз писар кам намедонам ва зан гирифтану писардор шудан ё ҷавонмарг шудан дар гўшаи хотираш набуд.

Модарам заҳмати зиёд мекашид, дар мактаб кор мекард, боз дар як маркази забономўзӣ дарсҳои иловагӣ медод, кӯшиш мекард, ки ман бе падар буданамро эҳсос накунам. Мо зиндагии шоистае доштем, модарам як бор маро дар хонаи аммаам монда, ба ватанаш сафар кард, аммо пайвандонаш “ту моро шарманда кардӣ, ба ҳамин хотир бадбахт шудӣ” гўён, ўро аз дари хонаашон дарун шудан намонданд. Модарам як соли дароз дар ҳолати стресс қарор дошт, вале баъд миёнашро ба қавли худаш аз ҳафт ҷояш баста, аз ҷояш хест.

Ман ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шудам. Ёд дорам, вақте падарам бемор буданд, наздашон нишаста, ба он кас ваъда медодам, ки ман духтур мешавам ва шуморо аз беморӣ наҷот медиҳам. Донишгоҳро бо дипломи сурх ба итмом расонидам, дар як беморхона ба кор шурўъ кардам. Хостгоронам ҳам зиёд буданд, вале…

Ишқи бонкир

Дар тўйи як ҳамсабақам бо як ҷавони нозанине вохўрдаму аз нигоҳи аввал ба ў дил бохтам. Ростӣ, то ин дам бо ягон ҷавон муносибатҳои ошиқона надоштам, аз ҳисоби ҷавонмардон дўстон доштам, аммо сўзиши ишқро дар ҷонам бори аввал ҳис кардам. Табрез низ чун қисмати ман қисмат дошт, модараш рус ва падараш узбек будааст. Баъди шаш моҳи вохўриҳо хостгорони Табрез ба хонаамон омаданд ва модарам розӣ шуданд, ки маро ба дўстдоштаам диҳанд. Пайвандони падарам норизоӣ карданд, вале модарам гапи маро гап кард.

Дар як ҳуҷраи духонагӣ хусуру хушдоманаму ману Табрез зиндагӣ мекардем, ки як азоб буд. Хушдоманам рўирост гуфт, ки “хонаи иҷора гирифта равед ё рафта, бо модарат зиндагӣ кунед, он кас танҳо”. Ман инро ба модарам гуфтаму ў ҳама пули дар бисоташ доштаро ҷамъ карда, зару зевари ману худашро фурўхта, барои ман як хонаи дуҳуҷрагӣ харид.

- Аввал ин ки ман пир шудаам, наметавонам дуду димоғи касеро бардорам, баъд домод дар назди ман худашро ноҳинҷор ҳис мекунад,- гуфт ў.

Мо бо хурсандӣ ба хонаи навамон кўч бастем, Табриз дар бонк кор мекарду хонаро табъи дили худаш таъмир кард. Зиндагиямон хуб буд, худро хушбахттарин зани дунё медонистам.

ЯГОНА

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД