Парвиз интизор буд, ки зудтар мехмонон раванду ӯ бемалол навиштаҳои модарашро бихонад. Бо додараш ба қабристон рафтанд.
Парвиз болои қабр худро партофта фиғон бардошт. Модарашро сахт пазмон шуда буд. Аммо, ҳайҳот, ки болои қабри модар сабза дамидааст.
Парвиз ба хотир овард охирин дидорашро бо модар. Модар дами дарвоза ба у як дона нонро дода гирякунон гуфт, ки бачачонам ина газ, гашта меои. Насибаи обу ватан мекашад. Парвиз он лахза хандида гуфт ки эй оча, ин кадар шумо гапои кампираки мегуен.
Ох... Очачонам.. Маро бубахш...
Чи кадар гаму дардат додам.
Парвиз писари калонии ин хонавода аст. Хангоми дар курси панчуми Донишгоҳи аграри хонданаш бо духтари таннози эркае шинос шуд. Ба падару модар гуфт, ки хамин духтарро ба ман хостгори намоед. Модар норозиги нишон дода гуфт, ки не бачам, ман ба ту духтари оилаи солихеро келин мекунам, ки оянда туро дуст дораду вафодор бошад. Аммо Парвиз аз онхо пинхони бо ин духтар никох карда зиндаги кард.
Духтар баъди се мох ба у хиенат карда баромада рафт. Парвиз пушаймон аз модар хохиш кард ки духтари мехостагиашонро келин кунанд. Суман бисер инсони хубу солеха баромад.
Ин лахза Парвиз як каф хоки гури модарро гирифту гуфт, эх очачон, аккалан.як сония зинда мешуди. Чи кадархо туро пазмон шудаам. 🎄🎄
Парвиз то бегохи сари кабри модар розу ниёз карду сипас ба хона баргашт. Шаб бо Суман навиштахои модарро варак заданд. 🎄
🎄Писарчонам аллакай як сол аст, ки туро хама мурда мепиндоранд, аммо ман медонам ки ту зиндаи. Хуроки хурдаам бароям захр гаштааст. Ман ин чо шакаробу оши туппа хураму ту он чо санг. Ба дасти ки афтода боши? Аз Худованд хар шаб дар намозхои тахаччуд зори мекунам, ки туро хифз кунад. Хоби хуш Парвизи оча
Парвизчон имруз зодруз дори. Падарат гирен шуд. Ман гуфтам ки чаро мегирйи, писарам зинда аст. Зодруз муборак бачачонам. 🎄🎄🌺🌺🌼
хххххх
Парвизу хамсараш то субх розу ниёзхои модаро хонда нола мекарданд. Рузи дигар Парвиз ба падараш накл кард, ки дар кучо буду чаро муддати 12 сол аз у паёмаке набуд.
Парвиз баъди ба шахри Маскав омадан бекор мемонаду ба умеди короби ба шахри Тюмен меравад. Дар он чо бо як точири чечени ошно мешавад. Точири чечени мегуяд, ки мехохи дар Аврупо кори пулдор ёбамат. Парвиз рози мешавад. Уро ин чечени тавассути шиносхояш раводид гирифта ба Эстония мебарад. Он чо дар як корхонаи ангишт уро ба кор мемонад. Хамин тавр Парвиз катори дигар мухочирони миллаташон узбеку украин гуломи як хочаи озари мегарданд. Дар таххона зиндаги мекарданд. Хурду хурокашон асосан макарону биринччушак буд. Аз телефону интернет дур буданд. Хуллас Парвиз дар асорат буд. 12 соли интизори, умед ба дидори модару падару зану фарзанд уро аз худкуши нигох дошт.
Баьди 12 сол ин таххонаи гуломонро хадамоти амнияти он кишвар дарёфтанду омада хочахоро дастгир карданд. Парвиз хам аз асорат рахои ефт.
Падар ин саргузашти писарашро шунида хеле гамгин шуд. Аммо уро тассали дода гуфт, ки медони бачам, асос ки зиндаву саломат ба хона омади. Модарат доимо мегуфт, ки бачама хоб дидам, ки дар як туннель нишаста гиря дорад. Хоби модари рахматиат рост будааст.
-Падарчонам он хама азобу кулфатхо пеши марги модар заррае аст. Он азобхо комати маро нашикаст. Маро марги модар дар ин се руз шикаста диламро гирен кард. Кош модарам зинда мебуд, кош..
Холо Парвиз ба кори дехкони банд аст. Хавлии падарро таъмир кард. Ин хонадон осоиш ёфт.
Дуо мекунем ки хамаи гумшудахо ба манзили худ баргарданд. Омин