Sebiston new 2024 october
Бозгашт аз гӯр (ҚИСМИ 1)
15.04.2024
ОИЛА.ТҶ
1654

 

Салим ба худ мепечид: “Худоё, ман дар куҷоям? Чаро ин ҷо торик аст? Дар тани ман чӣ гуна либос аст, ки ҷунбида наметавонам? Анора дар куҷо бошад, чаро аз ҳолам хабар намегирад?”. Бо чунин андешаҳои пуртаҳлука каме аз ҷой ҷунбид, хост, ки ба паҳлу гардад, аммо наметавонист. Мисли он ки дар сандуқе бошад, ҷояш танг буд.

“Уф… Худоё, ин ҷо куҷост?,- Салим бо азобе дастонашро озод ва атрофашро ламс кард.- Девор, ана дар дастам хок омад. Дар ягон чуқурӣ афтода бошам?”. Даст ба сару рӯяш бурд. Манаҳаш баста буд. “Нее!”,- бо тамоми қувва фарёд зад ва аз ҳуш рафт. Чанд лаҳза пас боз ба худ омад. Акнун дарк кард, ки дар қабристон асту ҳоло дар гӯр қарор дорад. Мехост охирин ҳодисаи ба сараш омадаро ба хотир орад…

Бегоҳи соли нав буд. Бо ҷӯраҳояш нишастанд. Шаб аз нисф гузашт, суҳбат торафт гарм мешуд. Дигарон ҳама маст буданд, аммо ӯ комилан ҳушёр буд, зеро умуман машрубот истеъмол намекард. Вай Ҳалим, Сабур ва Шодӣ. Дигар касе набуд. Баъд чӣ шуд?… Ҳа, баъд онҳо ба ӯ машрубот дароз карданд, вале Салим напазируфт. Баъд, баъд… онҳо маҷбур карданд, қасам доданд… Баъд… ӯ нӯшид. Боз нӯшид… Баъд… ҳама дар ҷои худ чаппаву роста хобиданд. Аммо ӯ аз ҷояш хест. Мехост ба хона равад. Ба кӯча баромад. Хеле роҳ рафт. Ногаҳон сараш чарх заду пеши чашмонаш сиёҳ шуд, гӯё дар баданаш ҷон набуд, ба замин афтид, дилаш тамоман суст кор мекард. Маҷоли аз ҷой хестану овоз баровардан надошт. Ду-се маротиба суст-суст нафас кашиду баъд тамом. Дигар чизеро дар ёд надорад...

Ногаҳон ба хотираш расид, ки ӯ дар гӯр аст. Боз бо тамоми қувва фарёд кашид. Аммо касе намешунид. “Худоё, шаб бошад, ё рӯз? Чаро маро зинда дар гӯр кардаанд?”. Ё ин ки ӯ дар ҳақиқат мурдааст? Пас, ҳозир Мункар ва Накир ба пурсиш меоянд. Ҷавоб дода метавониста бошад??? Наход ӯ мурдааст?

Не, не, ӯ ҳоло намурдааст. Ӯро зинда дар гӯр кардаанд. Бояд аз ин ҷо барояд. Аз тарсу ваҳшат тамоми вуҷудаш меларзид. Боз фарёд зад.

Эҳее, касе маро мешунавааад? Ҳеҷ ҷавобе нашунид. Ноумедӣ тамоми вуҷудашро фаро мегирифт. Ӯ дигар гоҳ ба худу гоҳ бехуд фарёд задан гирифт. Чӣ қадар фарёд зад, дар ёд надорад. Аз ҳеҷ куҷо ба садояш ҷавоб намеомад...

Салим девонавор ба кандани деворҳои атрофаш сар кард. Бо азобе нимхез шуда, пойҳояшро аз кафан озод кард. Акнун бо тамоми қувва бо ду пояш ба болои гӯр мезад. Пойҳояш хаста шуданд. Боз бо дастонаш кандан гирифт. Ҷон дар баданаш бозӣ мекарду девонавор ба болорҳои гӯр чангол мезад. Нохунҳои шикастааш ба ҳар сӯй мепариданду хуни гарм аз сари ангуштонаш мешорид. Ӯ бо чашмони пӯшида хеле вақти дигар чангол заду баъд аз ҳуш рафт…

Нохост дар худ ҷунбишеро эхсос кард. Шамоли сарде аз дурӣ ба рӯяш мевазид. Чашм кушод. Гӯшае аз гӯр сурох шуда буду осмон менамуд. Дар дилаш шуълаи умед дурахшид. Хост аз ҷояш бархезад, натавонист. Дар ҷисмаш мадор набуд. Хост, ки хоку чӯбҳои сару рӯяшро яктарафа кунад, аммо дастонашро ҷунбонида наметавонист…

Дастонаш пур аз хуну хоку варамкарда буданд. Нохунҳояш баъзе шикаставу баъзе ба зери гӯшт рафта ва баъзеи дигар умуман набуданд. Пойҳояш низ ҳамин аҳвол… Тамоми вуҷудаш, рагу пайвандаш месӯхтанд. Аз ҷой ҷунбида наметавонист. Беҳад гурусна буд, охир, маълум нест, ки чанд рӯз боз дар ин ҷост.

Салим танҳо нолиш мекарду аз сӯрохии гӯр ба осмони беканори болои сараш менигарист…

И. РАҶАБОВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД