Боздошти як модар барои то ба марг расонидани кӯдаки 3-солааш
1229

Як зани 27-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан ва дар хатар монондани кӯдаки ноболиғаш боздошт шудааст.

Ба навиштаи ВКД, гумонбаршаванда рӯзи 19-уми августи соли 2024, тахминан соати 23:30 дақиқа воситаи механикии сечархаи тамғаи «Fupenq»-ро дар ҳамшафати манзили истиқоматиаш идора намуда, аз уҳдаи идораи воситаи механикӣ набаромада, маҳз аз рӯи муносибати бепарвоёна бо қисмати паси воситаи механикӣ фарзанди хурдсоли 3-солаашро пахш намуда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

“Номбурда бо мақсади пинҳон доштани ҳодиса фарзанди хурдсолашро дар вазъияти барои ҳаёт ва саломатиаш хавфнок қарор дода, ба ӯ ёрӣ нарасонида, ҳаёташро дар хатар мононда, ба беморхона дастрас накардааст”,- иттилоъ додааст ВКД.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷа, фарзанди хурдсолаш аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1-и моддаи 108 ва қисми 2-и моддаи 127-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Боздошти як модар барои то ба марг расонидани кӯдаки 3-солааш
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси