arzon replenishment
Боздошти “Шумахер”-ҳо дар ДУШАНБЕ
10707


Равшан аст, ки рондани воситаи нақлиёт бо суръати баланд қонуншиканӣ маҳсуб меёбад. Афроде, ки ба ин кор даст мезананд, бо ин роҳ мехоҳанд бартарияти худро аз дигар ронандагони воситаҳои нақлиётӣ нишон диҳанд. Мутаасифона, дар байни чунин “шумахерҳо” намояндагни ҷинси латиф низ ҳастанд ва ин рафтори онҳо хеле нигаронкунанда аст. Баъди нашри як видеои кӯтоҳмуддат шумахерҳои навбаромад, ки дар маркази шаҳри Душанбе ба қавле "гонка" мекарданд, ба даст афтоданд...

Сокинони Душанбешаҳр ба кормандони милитсия видеои дар инстаграм нашр намудаи як ҷавонзанро, ки бо мошини тамғаи “Ауди А4”, суръати ҳаракатро дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр аз 175км/соат зиёд намудааст, равон карда, аз мақомот хоҳиш намуданд, ки нисбати ин зан, ки ҳаёти дигаронро бо ин амалаш зери хатар гузоштааст, чораҳои зарурӣ андешанд.
Баъди санҷиш маълум шуд, ки зани дар наворҳо инъикос ёфта Юдина Снежанна Руслановна, соли таваллудаш 21.03.1991 сокини шаҳри Душанбе мебошад. Ин зан бо мошини шахсии тамғаи “Ауди А4”, рақами давлатиаш 0080QD 01 пайваста ба қонуншиканӣ роҳ медодааст ва ин”қаҳрамонӣ”-и худро сабт карда дар саҳифааш дар инстаграм мегузоштааст. Снежанна барои бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт бо моддаи 325 қисми 2 ва гузаштан дар чароғаки сурх бо модда 318-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор ва ҷаримабандӣ карда шуд.
Ба ғайр аз Снежанна боз ду “шумахер”-и тоҷик барои баланд кардани суръати ҳаракати нақлиёт ва эҷод намудани хатар ба ҷони роҳгузарон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ҳабибулло Назарови 26-сола, сокини ноҳияи Нуробод бо автомашинаи тамғаи “Тайёта-кемри” ва Шаҳром Шӯҳратзодаи 21-сола, сокини шаҳри Душанбе бо атомашинаи тамғаи “Мерседенс-Бенс” худро қаҳрамонҳои филми “Фарсаж” тасаввур карда, дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт пойга ташкил карданд, вале ин ду ронандаи худсар ба зудӣ ба чанг афтоданд. Айни замон нисбати ронандагон бо дастрасии моддаи 326 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар ду автомашина то таъини ҷазои маъмурӣ дар ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи муқаррароти моддаи мазкур барои кирдори содирнамудаашон ҳар як ронандаро дар алоҳидагӣ ҷарима ба андозаи аз 250 то 300 нишондиҳанда, баробар ба аз 14 ҳазору 500 сомонӣ то 17 ҳазору 400 сомонӣ бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба мӯҳлати 2 сол таҳдид мекунад.
Ронандагони мӯҳтарам, қабл аз оне, ки суръати ҳаракати мошини худро баланд мекунед, андеша намоед, ки шумо дар кӯча танҳо нестед ва мисли бод тозондани мошин метавонад боиси сар задани садамаҳои хунин гардад. Ҳаёти худу дигаронро зери хатар нагузоред!
Фаромӯш накунед, ки ҳатто дар сурати рӯй надодани ягон фалокат низ баланд кардани суръати ҳаракат амали хилофи қонун мебошад ва кормандони БДА метавонанд шуморо ба маблағи калон ҷаримабандӣ кунанд. 15000-17000 сомоние, ки барои чанд лаҳза худнамоӣ ҳамчун ҷарима месупоред, метавонад чанд моҳ аҳли оилаи шуморо бо хӯрока ва пӯшока таъмин намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД