Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе чанд нафар шаҳрвандони хориҷиро бо гумони ташкил кардани фоҳишахона боздошт кардаанд.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, боздоштшудагон ошёнаи дуюми меҳмонхонаи “Панда”-ро ҳамчун маркази дилхушӣ (караоке) ба иҷора гирифта, онро ба фоҳишахона табдил додаанд. “Гумонбарон барои анҷом додани амалҳои шаҳвонӣ ҳамзамон як гурӯҳ ҷавондухтарони хориҷиро ҷалб намудаанд”,- омадааст дар хабар.
Айни замон нисбати боздоштшудагон барои “ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ” бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, вале маҳз аз кадом кишвар будани онҳо зикр наёфтааст. Ин банди қонун ҷарима ё то 8 соли зиндонро пешбинӣ менамояд.
Гуфта мешавад, ки нисбати занони ба амалҳои шаҳвонӣ машғулбуда парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҳудуди Тоҷикистон ихроҷ карда шудаанд.