Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе занеро боздошт намудаанд, ки бо қарта фол дида, гӯё тақдири одамонро пешгӯӣ мекардааст.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Сиразуддинова Рушания, соли таваллудаш 1976, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳангоми машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дастгир карда шудааст. Гуфта мешавад, ки боздоштшуда бо истифода аз қарта ба фолбинӣ машғул гашта, бо ин роҳ манфиати молиявӣ ба даст меовардааст.
Нисбати Сиразуддинова Р. тибқи моддаи 482-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст, ки ба 6240 сомонӣ баробар мебошад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз муроҷиат ба соҳирону фолбинон худдорӣ намоянд.