Кормандони Вазорати корҳои дохилии кишвар 2 зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи як муҳоҷири 33-солаи тоҷик дар Русия боздошт намудаанд. Гуфта мешавад, ки боздоштшудагон бо роҳи зӯрӣ 85 ҳазор рубли русии як муҳоҷири тоҷикро аз худ намуда, ӯро бо “бита” задаанд...
Кормандони ВКД Тоҷикистон як сокини 35-солаи ноҳияи Ёвон ва як сокини 34-солаи шаҳри Кӯлобро боздошт намудаанд. Гуфта мешавад, ки номбурдагон санаи 16-уми августи соли 2022 дар Русия бо мақсади аз худ намудани 85 ҳазор рубли русӣ як муҳоҷири 33-солаи тоҷикро, ки зодаи шаҳри Турсунзода будааст, ҳамроҳи падари 61-солааш ба назди мағозаи “Магнит” дар бинои “Добрый”-и маҳаллаи Жуковский даъват карда, ба сараш бо “бита” задаанд.
Дар натиҷа муҳоҷири тоҷик ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. Табибон барои наҷот додани ҷони муҳоҷири захмишуда талоши зиёде карда бошанд ҳам, пас аз 10 рӯз ҷабрдида бар асари ҷароҳати вазнини бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Айни замон нисбат ба боздоштшудагон бо қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гаштааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.