arzon replenishment
Бойдухтар шавҳарашро хар карду хушдоманашро ба он дунё фиристод
5452

Модарам бо ҳазор орзую умед се ҷигарбандашро ба воя мерасонд. Тарбияи се тифли кӯчак барояш мушкил бошад ҳам, ба азобу машаққатҳои рӯзгор мардона тоб оварда, кӯшиш мекард, ки моро ҳамаҷиҳата таъмин намояд.

Шабҳои дароз нахуфта чеварӣ мекард ва ба қавли кампиракон бо неши сӯзан моро мехӯронд. Ман он вақтҳо дар синфи дувум мехондаму додарчаам Шаҳром дар синфи якум, хоҳаракамон Нигина бошад ҳанӯз хурдакак буд. Мо як оилаи хурдакаки бо ҳамдигар тифоқ будем. Ман як пора нонро бе додарам Шаҳром намехӯрдаму аз гулӯи вай бе ману Нигина чизе намегузашт. Ҳамсояҳо ба зиндагии мо ҳавас бурда ангушти ҳайрат мегазиданд, ки чӣ тавр модарам тавонистааст фарзандонашро бе падар чунин тарбияти нек диҳад. Падарам солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Русия мардикорӣ рафта, бо ҳамин бе ному нишон шуда буд. Касе намедонист, ки мурда аст ё зинда. Хешу табор ва амакҳоям ду-се маротиба ба ҷустуҷӯяш рафтанд, вале дараки падарамро наёфта, бо дасти холӣ ба Ватан баргаштанд. Модарам ба тақдир тан дода, дигар ба шавҳар набаромад. Умри ҷавонашро қурбон намуд, то ки мо, ҷигарбандонаш пеши пойи паиндар хору зору залил нашавем.

Арӯси гуреза

Солҳо турнасон гузаштанду ману Шаҳром мактабро хатм кардем. Модарам шароиту қуввати тӯйкунӣ надошт ва мудом ғам мехӯрд, ки чӣ тавр моро хонадор мекунад. Шабу рӯз ашк рехтани модарамро дида, қарор додам, ки арӯси камхароҷотеро меёбам. Хушбахтона, бахтам омад кард ва духтараки хуберо пайдо намудем. Бо розигии очаҷонам бе тӯю тамошо Фарида ном духтараки гурезаро, ки волидонаш дар натиҷаи зангҳои бемаънии дохилӣ бе хонаву дар монда буданд, ба занӣ гирифтам. Фарида, ки духтараки азияткашида буд, ба қадри зиндагӣ мерасид ва ба ҳама каму кости ҳаёт шукрона мегуфт. Модарамро очаҷон гӯён ҳурмату эҳтиром мекард. Пеш аз тӯй Лайливу Маҷнун набошем ҳам, арӯсамро аз рӯзҳои нахустини зиндагиамон дӯст доштам. Акнун сарвари оила ман будам ва масъалаи хонадоркунии Шаҳрому Нигинаро сари ҳар қадам андеша мекардам.

Бойдухтар

Рӯзе бо маслиҳати модарам хостем духтареро барои додарам хостгорӣ намоем. Шаҳром ин хабарро шунида гуфт:

-Акаҷон, ман дӯстдошта дорам!

Барои дили додаракамро нашикастан суроғаи арӯси таги чашм кардаашро гирифта хостгорӣ рафтем. Аз нигоҳи аввал худи арӯсшаванда ва модараш ба модарам писанд наафтиданд, ситораашон карахту гапашон сахт буд. Сарватманд буданд ва бо дороияшон фахр мекарданд. Ба Шаҳром гуфтем, ки оилаҳои мо бо ҳамдигар мувофиқ нестанд, беҳтараш ишқи ин бойдухтарро аз сараш дур кунад, вале додарам ду пояшро ба як мӯза андохта «Шаҳнозаро мегирам» мегуфт. Ба хотири ғамгин нагаштани додаракам қарзу қавола карда, нағздидаашро келин кардем. Аз рӯзи аввал арӯси бою бадавлат модарамро писанд накарда мудом таънаю пичинг мезад. Ба хурдиаш нигоҳ накарда, ҳамсари ман- Фаридаро кор мефармуд. «Одами бадро ба худо ҳавола кун» гӯён, занамро тасаллӣ медодам, аммо рӯзи бад нек мешудаасту одами бад не, рӯзҳову моҳҳо мегузаштанду зани додарам ҳеҷ ислоҳ намешуд. Кораш рӯзи дароз худро орою торо додану бо ҳамсояҳо модару зани маро ғайбат кардан буду халос.

Қарчиқудо

Баъди ду моҳ падару модари арӯс барои хостгорӣ кардани хоҳарам Нигина омаданд. Мехостанд бо модарам қарчиқудо шаванд. Ман, ки хулқу хӯяшонро медонистам, намехостам ягона хоҳаракамро ба оташи дӯзах партоям, вале арӯси маккораи Шаҳром бо ваъдаҳои осмонӣ модарамро ба дом афтонда розӣ кунонд. Дар байни як моҳ хоҳаракамро тӯй карда бурданд. Пас аз тӯйи Нигина зани Шаҳром шаттоҳтар шуд. Акнун забонаш чунон дароз шуда буд, ки ба касе гап намедод. Модарам дар ҷавоби келинаш чизе гуфта наметавонист, чунки духтари ягонааш дар хонаи волидони Шаҳноза буд.

Моҷарои бародарон

Фурсати таваллуд кардани занам фаро расиду ӯро ба таваллудхона бурдем. Хушбахтона писарчадор шудам. Рӯзи дигар аз беморона баргашта, дидам, ки модарам бо ашки шашқатор либосҳоямро шуста истодааст. Маро дида оби чашмонашро пок кард ва аз ҷояш бархоста бо табассуми сохтакорона гуфт:

-Омадӣ бачем? Аҳволи занат чӣ хел? Писарчаатро дидӣ?

-Келиндор шуда боратон якбора вазнин шудааст-ку! Келин куҷост, ки худатон либос мешуед? -Пурсидам бо табъи гирифта.

-Шукри Худо ҳоло қувваи корӣ дорам,- даст афшонд модарам.

Ҳамин дам Шаҳром ҳамроҳи занаш аз хона баромад. Худро дошта натавониста бори аввал ба сари додарам дод задам:

-Шаҳром, баъди зангириат ту тамоман одами дигар шудаӣ! Чаро модаре, ки барояш ҷонатро дареғ намедошт, акнун дар назди туву занат қадру қимат надорад?!

-Ба даҳонат нигоҳ карда гап зан, ака! Ман дигар хурд нестам,-бонг зад додарам ва афзуд, -ба зани ман кордор нашав!

Аз додари ҷониам чунин суханони дағалро чашмдор набудам, дилам яку якбора аз фарзанди падар сард гашт ва дигар чизе нагуфта ба хона даромадам. Хайрият, ки Фарида аз беморхона ҷавоб шуду ба рӯи модарам сурхӣ дамид. Зани нав фарзанд таваллудкардаи ман модарамро дар назди тифлаки навзодаш шинонда, аз паи кору бори хона мешуду келини таннозамон дасташро ба оби хунук намезад. Шаҳром мард шуда ҳатто ба занаш намегуфт, ки чаро либосҳои маро ба ҷойи ту янгаам мешӯяд. Додари чорпаҳлӯи ман чунон ғуломи зан гашта буд, ки ҳамсараш мур гӯяд, мемурд. Шаҳноза ӯро хари таппа тайёр карда савор шуда буд.

Дар банди ҷоду

Писараки зебои ман ҳафтмоҳа шуду рӯзе ногаҳон як дарди қаттоле дар байни як соат ӯро аз мо рабуд. Марги нобаҳангоми писараш Фаридаро зинда ба зинда кушт. Акнун кори занам шаб то саҳар дар ғами фарзанд гиристан буд. Умед доштем, ки боз кӯдакдор мешавему аламашро фаромӯш мекунад, аммо занам бачапарто шуда монд. Кӯдак дар батнаш семоҳа шуда, бе ягон сабаб меафтид. Модарам ӯро назди як фолбини номдор бурд. Фолбинзан гуфтааст, ки Фаридаро одами даруни хона ҷоду кардааст ва агар мо ҷои истиқоматамонро иваз накунем, дигар фарзанддор намешавем. Ба ғайр аз зани додарам, ки ҳомиладор намешуд дигар касе Фаридаро ҷоду карда наметавонист. Ба хотири фарзанд мо маҷбур шудем, ки модарамро ба дасти писари занкалону келини беинсофаш супорида баромада равем.

 

Нахли умед

Аз шаҳр як хонаи якҳуҷрагӣ харида, кӯчида ба шаҳр омадем. Зуд зуд ба хабаргирии модарам мерафтем. Модарам аз зиндагии талхи ягона духтараш шикоят карда зор-зор мегирист. «Аз тақдир ҷои гурез нест, модарҷон» гӯён, дили озурдаашро таскин медодам. Шукри Худо, Фарида дар хонаи нав аз дарди бефарзандӣ раҳо ёфта, соҳиби номи бузурги модар гашт.

Аёдат

Як бегоҳ пас аз кор хостам ба деҳа рафта шабро дар назди модарҷонам рӯз кунам. Майда чӯйдаи зиёд гирифта ба деҳа рафтам. Вақте ки вориди ҳавлӣ гаштам, модарам танҳои танҳо буд. Дар хонаи сарду торик дар рӯйи бистари беморӣ танҳою зор хобидани модарамро дида, хун аз ғазаб ба сарам зад. Маро дида оби чашмони модарам ба рӯйи пурожангаш шорид. Мадори гап задан надошт. Зуд аз халтаам нони гарм ва гӯшту қанду қандалот бароварда наздаш гузоштаму ба берун баромада Шаҳром гуфта фарёд задам. Овози маро шунида ҳарду аз хона берун баромаданд. Теғ кашида ба додарам нигаристаму бонг задам:

-Шаҳром, заррае дар вуҷудат раҳму шавқат дорӣ? Чаро модарамро ба беморона набурдӣ?

-Дилат ба очаҷонат сӯзад, ӯро гирифта ба хонаат бар,-ин гапи зани Шаҳром чун неши каждум ба дилам халид, вале бо ин зани аҳмақ сар ба сар шудан нахоста ба додарам рӯ оварда гуфтам:

-Ҳайфи он шири сафеде, ки модарам ба ту додааст!

Ба кӯча баромада мошинеро дошта овардаму худи ҳамон лаҳза модарамро савор карда ба беморона бурдам.

Васият

Тӯли як ҳафта модарам дар беморона хобид, аммо ягон беҳбудӣ набуд. Рӯз аз рӯз аҳволаш вазнинтар мешуд. Духтурон маро ҷеғ зада гуфтанд, ки мо тамоми кори аз дастамон омадаро кардем, он тарафаш дар дасти Худованд аст. Беҳтараш кампирро ба хона баред! Фаҳмидам, ки модарам мемирад. Сарамро ба девор мезадам, вале дигар аз гиряву нолаи ман суде набуд. Бегоҳӣ модарамро бо чашмони аз гиря варамида ба хонаам бурдам. Кампир ҳар замон номи Нигинаро гирифта ҷеғ мезад. Ба Шаҳром занг зада гуфтам, ки зуд ба хонаи ман ояд, аммо аз байн ду рӯз гузашту аз онҳо дарак нашуд. Рӯзи сеюм Шаҳром Нигинаро гирифта ба хона омад. Модарам духтарашро ба оғӯш кашида гуфт: «Писарам Баҳром, шояд ин лаҳзаҳо лаҳзаҳои охирини ҳаётам бошад. Нигинаро ба тую туро ба Худо месупорам!»

Тоқати шунидани васиятҳои модарамро надоштам, ӯро ба оғӯш гирифта, мехостам гӯям, ки модарҷон, шумо шифо меёбед, аммо чашмони ҳанӯз аз зиндагӣ сернагаштааш оҳиста-оҳиста пӯшида шуданд. Модари ҷафокашидаам дар рӯи дастони ларзони писари бетолеаш ҷон ба ҷаббор супурд.

Дарди дил

Ҷасади модарамро ба деҳа бурда гӯру чӯб кардему ба ҳавлӣ баргаштем. Дилам тоби дигар ҳатто як лаҳза дар хонаи додару янгаи беномусам монданро надошт. Хоҳарам Нигинаро гирифта ба хонаи худам баргаштам. Шаб Нигина аз зиндагии пурмашаққаташ шикоят карда гиристу гуфт: «Акаҷон, ин қадар сол ман ба хотири вайрон нагаштани зиндагии акааму ғамгин нагаштани модарам тоқат мекардам. Дигар ба он хона бар намегардам!» Оби дидагонаш диламро обу адо кард. «Ором шав хоҳаракам. Туро ҳаргиз дар кӯча намепартоям» гӯён, сарашро сила намудам.

 

Ғуломи зан

Баъди сари модарам Шаҳром аз дасти зани ҷакокаш рӯ ба майнӯшӣ ниҳод. Дар кӯчаҳо афтону хезон мисли девонаҳо мегашт. Дилам ба ҳоли додари занкалонам намесӯхт, чунки аз ҷабри зани ӯ ману занам ғариб шудем, модарам бармаҳал аз дунё гузашту хоҳарам сиёҳбахт шуд. Ин бойдухтари худонотарс хоҳару бародаронро бо ҳамдигар бегона кард. Шаҳром борҳо ба воситаи ҳамсояҳо аз ман хоҳиш кард, ки Нигинаро бурда ба хонааш монаму зиндагии ӯро талх насозам. Дирӯз ҳам одам фиристода буд, ки Нигинаро гусел кунам. «Бигзор зиндагиат талх шавад додарҷон, аммо ман васияти модарамро ба ҷо меорам. Модарамро аз даст додам, намехоҳам ягона хоҳаракамро ҳам аз даст диҳам. Дидани симои зебои Нигина ҳар лаҳзаву ҳар соат очаҷонамро, давраҳои ширини кӯдакиамро ба ёдам меорад» мегӯям аз минбари «Оила» ба додари беномусам. Дод аз дасти занҳои беандеша, ки бародаронро аз ҳам ҷудо мекунанд!

Баҳром

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД