Formula novemver 2024
Бонуи сартарош
2248
Бонуи сартарош

Шояд кам нафарон бо як зани сартарош вохӯрда бошанд, зеро аз қадим дар ҷомеаи суннатии мо сартарошӣ ҳамчун машғулияти мардона дониста шудаасту бештар мардон ба ин касб рӯ меоранд.

Гуля Сатимова ягона занест, ки дар осоишгоҳи “Хоҷа Оби Гарм” ба ҳайси сартарош фаъолият мекунад. Ин бонуи заҳматкаш атрофиёнро, хусусан онҳоеро, ки аз ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон ба истироҳат меоянд, дарҳол ба худ ҷалб мекунад.

Ҳар нафаре, ки аз осоишгоҳи мазкур дидан менамояд, ҳатман ба касбу кори ин зан таваҷҷуҳ менамояд. Ман низ яке аз нафароне будам, ки баробари диданаш, дар фикри ҳамсӯҳбат шудан бо ин зани ҳунарманд шудам.

Гуля Сатимова аз рӯзи душанбе то ҷумъа дар “Сартарошхона”-и осоишгоҳ кор мекунад. Тавре Гуля зимни суҳбат ба мо иқрор гардид, касбу корашро хеле дӯст медораду дар бораи кори дигар ҳатто фикр карда наметавонад.

“Фикр мекунам, инсон агар дар зиндагӣ воқеан чизеро дӯст дошта бошад, аз баҳраш гузашта наметавонад. Ман, ки аз хурдӣ ин орзуро дар қалб доштам, имрӯз шавқам намегузорад аз ин фаъолият даст бикашам.”

Гуля аслан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад, вале танҳо охири ҳафта ба шаҳр меояд. Дар осоишгоҳ бошад, ба ӯ ду ҳуҷраи махсус барои кору зиндагӣ ҷудо кардаанд, зеро роҳ дароз асту рафтуомад барояш душвор мешавад. Ӯ мегӯяд аз ин тарзи зиндагӣ розиву қаноатманд аст.

Қаҳрамони мо муштарии зиёд дорад. Дар як рӯз метавонад бо заҳмати худ то 200-250 сомонӣ кор кунад. Бештари муштариҳояш мардҳо ҳастанд ва гоҳ- гоҳ занҳо низ ба наздаш меоянд.

“Чӣ қадар ба даст овардани маблағ бароям чандон муҳим нест. Барои пеш бурдани зиндагии ҳаррӯзаам расонад, кофӣ аст. Дар оғози фаъолият мардҳо чандон ба корам нигоҳи хуб надоштанд. Бархе аз онҳо қабул надоштанд, ки мӯйи сарашонро як зан ба тартиб биёрад. Ҳоло бошад, корам нағз аст, муштариёни зиёд дорам.”

Гуля нозукиҳои сартароширо дар синни 18-солагӣ дар як кошонаи ҳусн омӯхта, чандин сол дар шаҳри Душанбе фаъолият кардааст. Ӯ мегӯяд, дар аввал ҳамчун машшотаи занона кор мекард, аммо аз замоне, ки ба Варзоб омада, дар осоишгоҳи “Хоҷа Оби Гарм” ба кор шурӯъ кардааст, бештари муштариҳои ӯ мардҳоянд.

Гарчанде имрӯз барояш ин кор осон аст, вале дар оғози фаъолияташ сару кор гирифтан бо мардони бегона душвор буд. Ҳоло бошад, ба касе кор надорад, танҳо дар фикри бештар муваффақ шудани худ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ӯ мегӯяд, мардуми мо аслан сартарош будани як занро қабул надоранд, вале ин барои аҳли оилаи Гуля, ки падараш узбек ва модараш рус ҳастанд, ягон мушкилӣ надорад.

“Ман дар Душанбе ба дунё омада, бузург шудаам. Вақте ба волидайнам аз интихоби касби худ гуфтам, онҳо ба хушнудӣ хоҳиши маро пазируфтанд.”

Гуля Сатимова бо касбият ва маҳорати хуби ороиш додани мӯйҳо дар байни мардум обрӯ пайдо кардааст. Муштариён аз кори ӯ розианд, инро аз мардуми зиёди дар пушти дараш навбатистода фаҳмидан мумкин аст.

Қаҳрамони мо ҳам барои занон ва ҳам барои мардон ороишҳои наву муосири мӯйи сарро истифода мебарад. Ба гуфтаи муштариёнаш “причёска”-и Гуля муосиру замонавӣ аст.

“Дастам одат кардааст. Ҳоло бе мушкилӣ метавонам тамоми дархостҳои муштариёнамро иҷро намоям. Ороишоти мӯйҳои занҳо вақти зиёд мегирад, аз мардон бошад, чандон душвор нест. Аз интернет ягон тарҳи навро мебинам, баъд онро дар амал истифода мекунам.”

Гуля Сатимова дар кораш аллакай устод шудаасту чандин шогирд низ омода мекунад. Умед дорад, ки дар оянда яке аз беҳтарин машшотаи мӯй дар ҷумҳурӣ шинохта мешавад. Мо низ барои ин зани заҳматкаш комёбӣ орзу мекунем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД