Sebiston new 2024 october
БОНУЕ БО ШАҲПАРИ ПАРВОЗҲО
893

Ӯ ба сони шаҳпараке буд дар ҳавлии падар, ба гулҳо об медод, ҳамроҳи модар бехи гулҳоро нарм мекард, ба ҳар як гул лаҳзаҳо назар меандохту аз бӯи онҳо лаззат бурда, ҷаҳони ботинии хешро оро медод.

Матлубахон аз хурдӣ зебоиро дӯст медошт ва мехост, ки дигар хонаҳо ва шаҳру диёраш чун ҳавлии падар зебо бошад. Чун ба синни мубораки ҳафт расид, ба мактаби миёнаи маҳалла рафт ва аз рӯзҳои аввали ба синфи якум рафтанаш бо ҳалимию ахлоқи ҳамида ба “Алифбо” рӯ оварду хондану навиштанро омӯхт ва дар рӯзи хатми “Алифбо” аввалин "Ифтихорнома"-ро соҳиб шуд, ки то ба имрӯз бо худ дорад. Ва ин ифтихорнома роҳи ояндаи Матлубахонро кушод.

Ин духтари резапайкари ташнаи илму маърифат ҳастии худро ба донишу хониш бахшид ва дар донишгоҳ низ ҳамчун нишонаи ибрати дигарон кору фаъолият намуд. Ӯ хатмкардаи Институти педагогии ба номи С. М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) буда, дар факултаи филологияи тоҷик таҳсил намудааст.

Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики оянда ҳастии худро ба илму дониш бахшида буд. Чун аз адабиёти пурғановати тоҷик аз наздик бохабар шуд, ҳирси донишандӯзиаш боло рафт ва дурдонаҳои каломи маънавӣ ба ӯ роҳ нишон медоданд.

Сатториён Матлубахон Амонзода дар заминаи омӯхтани забони тоҷикӣ ба забони русӣ ва англисӣ низ меҳр баст. Дар конфронсҳо, анҷуманҳо баромад менамуд ва дар донишгоҳ обрӯю эътибори баландро соҳиб шуд.

Мавсуф дар натиҷаи омӯзиши пайваста ба кори илмӣ дода шуд ва рисолаи номзадиро бо сарфарозӣ дифоъ намуда, чанд муддат дар донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор ба донишҷӯён таълим дод. Ба унвони дотсенти кафедра мушарраф гардид.

Бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, забондонӣ, хоксорӣ, лаёқатнокӣ худро ба ҷомеа шиносонида тавонист ва маҳорату фаъолияти Матлубахон Амонзодаро ба инобат гирифта, ӯро сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд таъин намуданд. Дар ин самт низ то тавонист кори байни занону бонувони вилоятро ҷоннок намояд.

Ба ҳар як шаҳру ноҳияҳои вилоят барои беҳдошти кори бонувон сафарҳои корӣ анҷом дод. Бо онҳо аз наздик шинос мешуд, дастуруламалҳо тартиб медод ва дар тарбияи онҳо саҳми арзанда мегузошт. Дар натиҷа, кори раёсат равнақ ёфт ва дар як муддати кӯтоҳ шумораи бонувони фаъол афзуд.

Боре ӯ ба ноҳияи Айнӣ ташриф овард. Ҳини вохӯрӣ бо яке аз бонуи хеле ҷавон шинос шуд, ки аз зиндагӣ менолиду шикоят мекард ва аз Матлубахон дасти мадад мехост. Матлубахон шароити зиндагии ӯро матраҳ намуд ва дар харидани дастгоҳи атласбофӣ кӯмак расонид...

Боре дар кабинети кории Матлубахон Амонзода миёни анбӯҳи коғазҳо чашмам ба як пора шеъре афтод ва онро оҳиста гирифта, қироат намудам, ки чунин буд:

Зиндагӣ андӯҳу дард аст,
Зиндагӣ ҷои набард аст,
Саҳнаи дилҳои сӯзон,
Саҳнаи дилҳои сард аст.
Зинда бодо, зиндагонӣ,
Бар мадори қаҳрамонӣ.

Чун аз ӯ ин шеърро пурсон шудам, Матлубахон қиссаи болоиро нақл намуд ва чунин воқеаҳо дар ҳаёти ин бону бисёр аст.

Ҳамин тавр, қаҳрамони қиссаи мо, Матлубахон ба шоҳроҳи зиндагонӣ бомаром, бо дили пур қадам зада, ба водии муҳаббат ворид шуд, ба шавҳар баромад ва хушбахтона, соҳиби ду нафар фарзанд мебошад. Дар ин ҷода низ, рисолати модариашро сарбаландона ба ҷо овард.

Фаъолияти серсоҳаи ҷамъиятчигии ӯро ба назар гирифта, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Матлубахон Амонзодаро ба вазифаи пурмасъулиятии раиси шаҳри Табошар (ҳоло Истиқлол) ва баъдтар ба раисии шаҳри Қайроққум (Гулистони имрӯза) тавсия намуданд.

Масъулияти ин зани оқила дар кори роҳбарӣ даҳчанд афзуд. Донишу малакааш имконият дод, ки нишондиҳандаҳои шаҳрҳои Истиқлолу Гулистон рӯ ба афзоиш ниҳод.

Масъулияти ватансозию ватандории сокинони ин шаҳрҳо афзуд ва мароми зиндагӣ бо роҳбарии ӯ ҷараёни нав гирифт. Дар ин роҳ афтоданҳою хестанҳо, камбудию норасоиҳо ва ба по истоданҳо буду муваффақиятҳои нишонрас низ...

Пас аз чанде ин бонуи муборизро ба сарварии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд пешбарӣ намуданд, ки ӯ дар ин зинаи баланди роҳбарӣ худро нишон дод. Зеро медонист, ки бо роҳбарии Пешвои миллат ин ҳизби мардумӣ Тоҷикистонро аз порашавӣ наҷот ва миллатро аз фоҷеаҳо боздошт. Ӯ пайваста оид ба ҳизб, барномаҳои он баромадҳо менамуд. Алалхусус, дар нашрияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд “Сухани халқ” баромадҳои пурмӯҳтаво кардааст.

Дар давраи роҳбарии ӯ шумораи аъзои ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо ва умуман вилояти Суғд хеле афзуд. Барномаҳои ҳизбӣ амалӣ мешуданд. Сатҳу сифати зиндагӣ боз ҳам беҳтару хубтар мешуд.

Фаъолияти серсоҳаи роҳбарии Сатториён Матлубахон Амонзода имконият дод, ки ӯ бо Фармони махсус ба вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуд ва инак, ин бонуи зафарманд ва донишманд метавонад боз ҳам ҳастии хешро ба миллату Ватан бахшида, корҳои неки созандагиро ба анҷом расонад.

Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ суханҳои ногуфта хеле зиёданд. Ӯ сухани бурро дошта, дар сӯҳбатҳо бо панду андарзҳо қотеъона сухан мегӯяд. Илму амалаш рӯҳбахшу рӯҳнавоз аст. Баъзан шеър ҳам эҷод мекунад, зеро адабиёт сухан, шеър ва бадеияти суханро дӯст медорад.

Аминам, ки ӯ рӯзе китоби андешаҳояшро матраҳ намуда, худ аз фаъолияти серсоҳаи хеш миллатро баҳраманд хоҳад кард. Чунин занони боирода, матин, боҷасорат ба сони Сатториён Матлубахон Амонзода на танҳо тарбиятгари фарзанд, балки тарбиятгари ҷомеа ба шумор рафта, дар поягузорию устувории ҳаёт нақши бориз доранд. Фаъолияту рӯзгори ин бонуи хирадманд намунаи ибрат аст, зеро ӯ соҳибдилу соҳибмаърифат буда, ба халқу меҳан хизматҳои арзанда карда меояд ва хоҳад кард...

Аз идора: Аҳли эҷоди сомона муаллимаи азизро ба ифтихори солгарди умр шодбош мегӯянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД