goodwell
Бодиринг ва помидори шӯр инсонро ба саратони меъда гирифтор месозанд?
2030

Мардуми тоҷик мақоли хубе доранд:” Ҳусн ва саломатии одам аз даҳонаш медарояд!”Ҳақиқати ин ҳикмати мардумиро гуфтаҳои табиби машҳур Ҷози Портер исбот менамоянд...
Диетологи машҳури Gut Health Clinic Джози Портер дар бораи ғизоҳое маълумот додааст, ки метавонанд инсонро ба бемориҳои гуногуни узвҳои ҳозима ва ҳатто ба саратони меъда гирифтор созанд. Портер мегӯяд, диққат надодан ба хурду хӯроки худ боиси гирифтор гаштан ба бемориҳои гуногуни узвҳои ҳозима гашта, баъзан касро то ба сарҳади марг мебарад. Дар ин бора табиби парҳезшинос Джози Портер дар “Медик-форум” маълумот додааст.
Ба андешаи ин олим ва табиби парҳезшинос махсусан ғизоҳое, ки дар таркибашон консервантҳои гуногун доранд, барои саломатии инсон хавфнок мебошанд. Портер обҳои газнок, сир ва май (вино)-ро мисол оварда мегӯяд, аз назари аввал ин чизҳо тамоман бе зарар менамоянд, вале инсон аз ин ғизоҳои маъмулӣ ҳар рӯз сӯйистифода кардан гирад, маводҳое, ки ба онҳо илова карда шудаанд, бо мурури вақт боиси гирифтор гаштан ба саратони меъда ва дигар бемориҳои хеле чиддии узвҳои ҳозима гашта метавонанд.
Ин табиби машҳур маслиҳат додааст, ки аз маҳсулоти консерва шуда низ сӯйистифода накунем. Ба гуфти Портер бодирингу помидор ва дигар маҳсулоти дар намак хобондашудаю шӯр, ҳамчунин донагиҳои консервашуда (зелений горошек, ҷуворимаккаи консервашуда ва ғ.) барои саломатии инсон зараровар буда, хатари гирифторшавиро ба саратони меъда меафзоянд. Табиб мегӯяд, ҳар рӯз хӯрдани 20 грам маҳсулоти консервашудаи шӯр хавфи мубтало гаштан ба бемории саратони меъдаро то 9% афзун мегардонад.
“Намак ва як қатор моддаҳои кимиёвие, ки ҳангоми консервакунонӣ ба ин қабил маҳсулот илова карда мешаванд, дар сурати аз ҳад зиёд истеъмол кардани чунин маҳсулот метавонад боиси ташаккулёбии ҳуҷайраҳои саратонӣ дар ҷисми инсон гардад, вале кам-кам ва мувофиқи меъёр истеъмол намуданашон хавфнок набуда, калсий ва прибиотикҳои дар таркибашон мавҷуд буда, ба саломатии инсон фоида дорад”-мегӯяд табиб.
Портер бештар нӯшидани кефирро тавсия дода мегӯяд, он кори узвҳои ҳозимаро ба низом медарорад.
Саломатии инсон асосан аз чаҳор чиз вобастагӣ дорад: ғизои солим, асаби орому табъи хуш, тозагии муҳити зист ва эҳтиёт намудан аз шамолкашию сармозанӣ. Солиму бардам мондан хоҳед, худро аз шамолкашӣ эмин дошта ба тозагӣ риоя намоед, барои ҳар як майда-чӯйда асабонӣ нашавед ва ба хурду хӯроки худ диққати ҷиддӣ дода, бештар маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро истифода баред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД