Оё бобою бибӣ ҳуқуқи муошират намудан бо набераи худро, ки аз онҳо ҷудо бо ҳамроҳии модараш зиндагӣ мекунанд, дорад ё не? Барои ҳал намудани ин масъала ба кадом мақомоти давлатӣ муроҷиат намудан мумкин аст?
Юсуф,
шаҳри Душанбе.
Мувофиқи талаботи Кодекси оила, бобою бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва хешовандони дигар барои муошират бо кӯдак ҳуқуқ доранд. Дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) барои муоширати хешовандони наздик бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон бо кӯдак имконият надиҳанд, мақоми васояту парасторӣ метавонад падару модарро (яке аз онҳоро) вазифадор созанд, ки монеи ин муошират нашаванд. Агар падару модар (яке аз онҳо) ба қарори мақомоти васояту парасторӣ итоат накунанд, бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон ё мақомоти васояту парасторӣ метавонанд ҷиҳати рафъи монеаи муошират бо кӯдак ба суд бо даъво муроҷиат намоянд. Суд баҳсро бо назардошти манфиати кӯдак ва фикру хоҳиши ӯ ҳал менамояд.
Ба саволҳои хонандагони «Оила» адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат 98-517-02-21 занг занед.