Абдураҳим Набиев 23-юми январи соли 1974 дар деҳаи Дастгираки Болои ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст. Соли 1991 баъди хатми мактаби зодгоҳаш ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги ба номи устод Мирзо Турсунзода супорида, муддати 4 сол дар шӯъбаи актёри драма ва кинои ҳамин даргоҳ таҳсил мекунад.
Абдураҳим дар гурӯҳҳои ҳаҷвии “Хандоханд”, “Шакарханд” ва “Маҳфилоро” фаъолият намуда, баъди иҷрои нақши “Бобои Мерган” дар дилу дидаи ҳаводорони санъати тоҷик ҷой гирифтааст.
Бо дархости сершумори мухлисон ба чанд савол оиди кору фаъолияти ин ҳунарманд аз барномаи "Пайроҳаи Эҷод”-и телевизиони Хатлон посух пайдо намудем, ки муҳтавояшро пешкаши шумо мегардонем.
-Абдураҳим, шуморо мардум бештар бо образи Бобои Мерган мешиносанд. Бобои Мерган дар асл кист? Оё чунин нафар дар ҳақиқат вуҷуд дорад?
-Як ҳамсинфи падарам бо лақаби Бобои Мерган ҳастанд, ки номи аслиашн Иззати Муллотош мебошад. Аз даврони кӯдакӣ аз нақлҳои аҷиби он кас лаззат мебурдем. Иззати Муллотош марди қадбаландтарини деҳаи мо ба шумор мераванд. Аз рӯйи гуфти худаш хеле шикорчии моҳир будааст, ҳатто бе милтиқ ҳам сайдашро ба даст меовардааст. Бо дос аз осмон парранда шикор карданашро шунида, моту мабҳут мегаштем.
-Образи саҳнавии Бобои Мерган чӣ гуна пайдо шуд?
-Сараввал бояд ду нафар бо образи Бобои Мерган ба саҳна мебаромаданд. Бори аввал дар театри ба номи А. Лоҳутӣ аз ҷониби Шабакаи аввал таҳти коргардонии Ҳалим Сангин, иҷрои ин нақшро ба уҳдаи ман гузоштанд. Зафари Саидро бобои Маҳмадшариф ном мондем ва ман Бобои Мерган шудам. Он замон Бобои Мерган саллаву ҷома надошт, танҳо ришу мӯйлаб ва либосҳои расмии Сталинро дар тан дошт.
-Тавре мушоҳида мекунем, вақтҳои охир Бобои Мерган дар ҳар саҳнааш ба як духтар ошиқ мешавад. Бори аввал кай ошиқ шуда будед? Ба ишқ боварӣ доред?
-Ман ишқбозиро аз давраи кӯдакӣ шурӯъ кардаам. (Механдад) Дар давраҳои мактабӣ қариб ба ҳамаи духтарҳо хат менавиштам. Дар ҳамаи номаҳоям шеърҳои худам буданд, ҳатто чор мисраъ шеъре, ки Бобои Мерган дар саҳнаҳояш замзама мекунад, эҷоди худам аст:
Деворои гирди ҳавлитон чаппа шава,
Рафту омади хони шумо ита шава.
Ҳар гаҳ, ки ба рӯйи ҳавлитон мегардие,
Аз ҳусну ҷамоли ту дилум дута шава.
Ишқ маро шеърнавис кард, зеро воқеан қувваи бузург аст.
-Чаро ба шумо танҳо нақши “Бобои Мерган”-ро муносиб донистанд?
-Дар гурӯҳи эҷодӣ ман аз ҳама харобтарин ва қадпасттарин будам. Аз ин лиҳоз, ба ман на танҳо ин нақшро, балки нақши нафари майзада, нафарони кӯчагиву бангӣ ва нақшҳои ба ҳамин монандро муносиб медонистанд. Шояд сабаб дар он бошад, ки чеҳраи ман ба грим низ ниёз надорад. Каме қавоқамро овезон кунам, майзадаи тайёр...
-Абдураҳим Ғаниев як муддат дар саҳна набуд ва дар байни мардум миш-миш пайдо шуд, ки ба бизнес гузаштаед. Кӣ ё чи шуморо ба саҳна баргардонд?
-Ман натавонистам аз саҳна дур бошам. Тӯли ин солҳо дарк кардам, ки ман ва саҳна ҷузъи ҷудонашавандаем. Чуноне ки мегӯянд:
Ҳар киро аз баҳри коре сохтанд,
Меҳри ӯро дар дилаш андохтанд.
Чанд муддат ба тиҷорат ҳам машғул шудам, сохтмончӣ, деҳқонӣ, таксист ҳам шудам, аммо нашуд, ризқ фақат аз ҳамин ҷо ба даст омад.
Нақшҳои офаридаи Бобои Мерган вақтҳои охир дар шабакаи Ютуб дорои тамошобинон ва ҳаводорони зиёде гаштааст. Ҳунари волои ин ҳаҷвнигор театрҳои давлатӣ ва ҳатто блогеронро ҷалб кардааст. Ҳатто рэпсаро бо тахаллуси Мастер Алион аз Бобои Мерган хоҳиш мекунад, ки бо ӯ рэп сарояд ва дар якҷоягӣ оҳанги хеле хуб омода месозанд.
Дар ютуб канали “Dushanbe Life аввалин клипе, ки беш аз 1 млн тамошобин пайдо кардааст, аз Бобои Мерган аст. Канали мазкур дар шабакаи Ютуб дорои 267 ҳазор обуначӣ буда, аз ҳама машҳуртарин клипҳояш бо иштироки ин ҳунарманд мебошад.
Айни замон Абдураҳим Ғаниев бо шабакаҳои ютуб ҳамкории густурда дорад ва пешравиҳояш назаррасанд. Айни ҳол дар 6 моҳи охир клипи Мерган ва Тахмина таҳти унвони “Чанг-чанг” дорои 2.8 млн тамошо мебошад, ки чунин муваффақият на ба ҳар кас муяссар мегардад.