Formula novemver 2024
БОБОИ МАЛАХ ДАР АЙЁМИ ПИРӢ БОЙ ШУД
2790

Қадр намудани иштирокчиёни ҶБВ ҳам қарз ҳасту ҳам шараф, чун онҳо дар давраи басо мушкил ва хатарнок аз баҳри саломатӣ, падару модар, зану фарзанд ва ҷони худ гузашта, барои ояндаи ватан ва ҳаёти осудаи мо ҷангиданд. Имрӯз бошад барои осудагӣ ва роҳати онҳо ҳар коре кунем, боз ҳам кам аст.

Дар робита ба ин ҳафтаи равон мақомдори шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба аёдати яке аз қаҳрамони ҶБВ Гулов Малах рафта, аз шароити зиндагонии ӯ хабардор гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба Гулов Малах як хонаи иборат аз 3 ҳуҷра ва ошхона тақдим намуд.

Ҷойи пинҳон нест, ки дар мавсими зимистона сокинони кишварамон ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мегарданд. Бахусус имсол фасли зимистон мисли меҳмони нохонда бемаҳал ба мулки мо қадами сарди худро гузошт. Хунукии тоқатнофарсои фасли тирамоҳ аз он шаҳодат медиҳад, фасли сармо имсоол бо мо шӯхӣ нахоҳад кард. Ин боз дар ҳолест, ки нархи хӯрокаю либоса дар бозорҳои кишварамон бомаротиб афзуд.

Раиси шаҳри Норак пай бурд, ки барои бе мушкилот паси сар намудани фасли зимистон бобои Малах ба маблағ ниёз дорад, аз ин ҷиҳат ба иштирокчии ҶБВ кӯмаки пулӣ низ расонданд.

Гулов Малах зиёда аз 100 сол умр дошта, баъд аз хотима ёфтани ҷанг, дар айёми ҷавонӣ дар ободонии шаҳри худ саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ дар вақташ ҳамчун директори бозор, корманди НБО “Норак” кору фаъолият намудааст. Ҳоло бошад, ӯ бо фарзандон ва беш аз 84 набераю чабераи худ дар шаҳри Норак зиндагонӣ дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД