arzon replenishment
Бобои Файз аз бемории қанд даргузашт ё сактаи қалб?
5432

Бобои Файз имрӯз дар сини 82 солагӣ даргузашт. Шунидани ин хабари шум тамоми мардуми кишварро шигифтзада намуд. Бобои Файз ба сину солаш нигоҳ накарда, бо сурудҳои шӯху ҷазобаш соли 2013 рӯи саҳна омад ва бо дутори хеш тавонист дар як лаҳза дар дили хурду калон маъво гирифт. Осон нест, ки дар синни пирӣ рӯи саҳна баробари ҷавонон дар рақобат будан ва инро метавон кори саҳлу осон наномид. Бар рағми ин ҳама душвориҳо Бобои Файз ҷойгоҳи худро дар саҳнаи тоҷик дар байни мардуми кишвар пайдо кард ва бо суруди “Очата бугу” миёни дӯстдорони ҳунараш хеле маҳбубу машҳур гашт.

Мо ҳамроҳи Бобои Файз як моҳ қабл дар як шабнишинӣ дар сӯҳбат будем. Хеле руҳафтодаву дилозурда ба чашм мерасид. Ба шумо чӣ шуд гуфта аҳволпурсӣ намудам.
- Оҳи сар кашида гуфт: Дард танама раҳо намекунад.
- Аз чӣ беморӣ ранҷ мекашед?
- Касали ман қанд аст. Қандам баланд мешавад ва ҳолатамро рӯз ба рӯз бад карда истодааст. Барзами ин дилам меҷиқад.
- Шумо ҳоло бақуватед ва ин бемориро таҳамул мекунед?
- Не, бачам дигар ин дардҳо рӯз ба рӯз аз пой афтонида истодааст.
- Ин хел нагӯед, мо ба хонаатон меоем ва дар барномаи “Меҳмони нохонда” сабт мекунем.
- Ба ҷону дил, лекин саломатиям камтар хуб шавад, табобат гирифта истодаам. Ҳамин, ки буд шуд баъд марҳамат кунетон!
- Рақамҳои телефон доред?
- Не, ростӣ гап маро ҳама ҳамин санъаткорон хонама медонанд. Хонае,ки ҷаноби олӣ тӯҳфа кардагӣ, дар поёни корвон, рӯ ба рӯи Гранзавод хонам, оед!
- Ҳатман нишониятонро аз Дӯстмурод Шарипов гирифта ба хонаатон меҳмон мешавам.
- Он рӯз симои Бобои Файз ба назар чунон ғамзада менамуд, гӯё кони ғам ба пушташ бор шуда бошад. Зуд зуд арақи ҷабин аз сару рӯяш мерехту ҳавои тоза мебаромад. Албатта барои як шахси пиронсол зуд - зуд берун баромадан кори душвор аст, вале ба ин ҳамаи нигоҳ накарда, ин марди барнодил бо беморӣ мубориза мебурд! Ҳатто шунида будам, ки кадом як хешаш ӯро баъди беморшуданаш нигоҳубин мекардааст. 
Бо ҳамкорон нақша тарбиб додем, ки ҳамин, ки рамазон барояд, ба хонаи Бобои Файз барои сабти барнома меравем, вале мутаасифона ин субҳ чашмам ба хабаре, ки дар Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон таҳти унвони "ОЧАТА БГУ ДИГА МАРА ДЕВОНА НАГА........" вафот кард? –афтиду ҳуш аз сарам парид. Ҳамчунин қайд карда шуда буд: Файзӣ Сулаймон, мусафеди, ки бо сароидани таронаҳои мардумӣ миёни омма бо номи Бобои Файз машҳур аст, даргузаштааст. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои гуногун ба миён омадаст, ки гӯё Бобои Файз аз бемороии коронавирус вафот кардааст, ки ин асоси воқеӣ надорад. Ба қавли Саъдӣ Маҳдӣ ақрабои Файзӣ Сулаймон, ки аз забони ҷияни Бобои Файз Асват қисса мекунад, мегӯяд, ки сарояндаи сурудҳои халқӣ дар сини 82 солагӣ аз бемории қалб даргузаштааст. Маросими дафни ин сарояндаи халқӣ санаи 25 майи соли 2020 дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара баргузор мегардад. Бобои Файз яке аз машҳуртарин саронядагони сурудҳои халқӣ буд, ки дар кишвар мухлисони зиёде дошт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД