arzon replenishment
Бобои барфии духтардузд
31.12.2022
ОИЛА
1688



Ману хоҳарам, ду тифлаки зебои ҷингиламӯ аз модар ятим мондаем. Падарам модарамро хело дӯст медошт, аз ҳамин хотир баъди сари ӯ дигар зан нагирифт.

Ҳар гоҳ ӯро гум кунем, ҳатман аз мазори модарам пайдо мекардем, дар сари гӯри ҳамсари ҷавонмаргаш нишаста бо чашмони пуроб дарди дилашро мегуфт падари бечораам. Аммаи хурдиам бо сабаби бефарзандӣ аз шавҳар ҷудо шуда бо мо зиндагӣ мекард ва ману хоҳаракамро мисли модар тарбият менамуд. Намегузошт, ки бемодариамонро ҳис кунем.

Тағоям, ки хеле марди шуҳратманд буд, ба марги модарам падарамро гунаҳгор дониста, баъди сари хоҳараш пою қадамашро аз хонаи мо канд. Ақаллан хотири арвоҳи фарзанди падараш мо, ятимаконро суроғ накард. Дигар хешовандони модарам риштаи хешу табориро аз оилаи мо канда буданд.
Солҳо турнасон мегузаштанду ману хоҳарам, ки мисли як себи дукафон ба ҳамдигар монанд будем, бузургу зебо мешудем.

Дар соли охири таҳсил рӯзе ҳамроҳи дугонаҳоям маслиҳат кардем, ки дар арафаи Соли нав ба тамошои шаҳр меравем. Барои иҷозат гирифтан ба назди аммаам даромадам. Он кас розӣ шуданд.

Одам ба одам мерасад

Он рӯз дар шаҳр бо духтарони тағоям вохӯрда, гарм аҳволпурсӣ кардам. Онҳо аз ман ба куллӣ фарқ доштанд. Дар тан либосҳои аврупоӣ хеле зебою мағрур буданд. Духтари калонии тағоям Гулрӯ шаби Соли нав зодрӯз дошт ва маро ба хонаашон таклиф карда гуфт: «Ман як ҷавони сарватмандро дӯст медорам. Мо ба наздикӣ бо Фарид хонадор мешавем. Дар зодрӯзам биё, язнаатро мебинӣ»
Гулрӯ ба сӯйи ман чашмак зад ва ман ҳам хандида ваъда додам, ки ҳатман ба табрикаш меравам.
Бо духтарҳои тағоям хайрухуш намуда ба хона омадам ва воқеаро ба аммаам нақл кардам. Сар ҷумбонда гуфт: «Хешонат туро агар дӯст медоштанд, ягон бор суроғ мекарданд. Фаришта, он ҷо ҷои ту нест! Тағоят падаратро чашми дидан надорад. Дадаат аздусар иҷозат намедиҳад, ки равӣ!»
Аз аммаам илтиҷо мекардам, ки ба хотири раҳматии модарам розӣ шаванд. Ниҳоят аммаам сар фароварда ба назди падарам даромад ва бо азобе ӯро розӣ кунонд.

Барфак

Тағоят бою бадавлат аст ва албатта дар зодрӯзи духтараш бойдухтарҳо ҷамъ мешаванд. «Бо ин либосҳои оддиат равӣ, ҳама ба ҳолат механданд. Беҳтараш костюми барфаки дар базми солинавӣ пӯшидаатро пӯшида рав»,- маслиҳат дод аммаам.
Хурсанд шуда либоси афсонавии Барфакро пӯшидаму гулдастаи калону туҳфаи зебое гирифта ба хонаи тағоям ба табрики Гулрӯ рафтам.
Ҳама бо чашми ҳайрат ба ман менигаристанд, ҳатто тағоям, зеро интизор набуданд, ки маро бо чунин либос мебинанд.
Дар либоси Барфак ман аз ҳама бойдухтарҳо зеботар шуда будам.
Дертар Бобои Барфӣ ба табрики Гулрӯ омад. Духтари тағоям Бобои Барфиро бо табассум пешвоз гирифта, беҳтарин нозу неъматҳоро наздаш мегузошт.
Ҳама меҳмонон шоду хурсанд буданд ва гоҳ барои Гулрӯю гоҳ ба шарафи Соли нав нӯшбод мегуфтанд, танҳо Бобои Барфӣ ду чашмашро аз ман намеканд. Вақте ки ҳама меҳмонон ба рақс даромаданд, Бобои Барфӣ оҳиста дар бехи гӯшам пичиррос зада кӣ будани маро пурсид.
-Духтари тағои Гулрӯ, Фаришта,- посух додам ман ҳам пичирросзанон -Аҷиб! Ман туро бори аввал мебинам,- гуфт Бобои Барфӣ.
-Баъди марги модарам риштаи хешу табории мо канда шуда буд. Пас аз чандин сол боз ёди ҳамдигар кардем,- фаҳмондам ба ӯ ва номашро пурсидам.
Бобои Барфӣ ошиқи духтари тағоям Гулрӯ-Фарид будааст. Саргарми суҳбат шуда чӣ тавр фаромадани торикиро нафаҳмида мондам.


Дар оғӯши Бобои Барфӣ

«Ман бояд зудтар ба хона равам. Падарам маро интизор аст»- гӯён, майли рафтан намудам. «Берун аллакай торик шудааст. Ман туро бо мошин ба хонаатон бурда мемонам»,- пешниҳод кард Фарид. Гуфтам, ки ташвиш накашад, мошин бисёр аст, худам меравам, вале Бобои Барфӣ «Фаришта, шаб шудааст, мабодо ягон кас туро надуздад» гӯён, якравӣ кард. Гулрӯ аз рафтори ошиқаш чунон ба ғазаб омад, ки ҳатто бо ман хайрухуш накард.
Раҳораҳ Фарид аз Гулрӯ шикоят карда гуфт, ки ӯро дӯст намедорад, вале ин духтар молу сарваташро дида, мисли ширеш ба вай часпидааст.
Бобои Барфӣ ҳусну ҷамоли маро таъриф мекарду тарс вуҷуди маро фаро мегирифт. Оҳиста –оҳиста Фарид дастонашро болои дастонам гузошта, дастамро сахт фишурд. Рангам тамоман канда гуфтам:
-Шумо чӣ кор мекунед?
Фарид дастамро оҳиста бӯсида пичирросзанон ҷавоб дод:
-Аз нигоҳи аввал ошиқи шайдоят гаштам. Ту барин зебосанамро дер боз орзу доштам. Худо хоҳад, орзуҳоям дар Соли нав амалӣ мешаванд!
Сару рӯи Бобои Барфиро канда, доду фарёд бардоштам, таҳдид намудам, ки худамро мекушам. Фарид илтиҷо мекард, ки ин корро накунам...

Ашки алам

-Ҳатман туро ба занӣ мегирам, бовар кун!- гаштаву баргашта таъкид намуд Фарид ва маро ба хонаамон овард.
Дилам аз ҳодисаи нохуше гувоҳӣ медод.
Падару аммаам бесаброна омадани маро мунтазир будаанд. Падарам хашмгин шуда дод зад:
-Беҳаё, мисли духтарони бероҳа дар нимашаб дар куҷоҳо мегардӣ?!
Хостам баҳонае пеш орам, вале ба бари рӯям задани падарам даҳонамро баст.
Як аламам сад алам шуда, бо чашми гирён ба хона даромадам. Он шаб Фарид бароям як ангуштарин ва як телефони мобилӣ туҳфа карда буд, вале туҳфаҳояш ба назарам ҳаром менамуданд.

Хостгорӣ ва тӯй

Рӯзи дигар Фарид ба хонаамон хостгор фиристод. «Духтарбонӣ хукбонӣ гуфтани одамони қадим беҳуда набудааст» гӯён, падарам ба хостгорон дарҳол розигӣ дод.
-Боварам намеомад, ки мани ятимча бо ҷавони сарватманд хонадор мешуда бошам, вале волидони Фарид чунон майда- чуйдаи зиёд оварданд, ки ҳамсояҳои мо дар ҳайрат монданд.
Тӯйро дар яке аз тарабхонаҳои бонуфузтарини пойтахт гузарондем. Дар сари тахти арӯсӣ худро хушбахттарин зани дунё эҳсос мекардам. Ҳофизони зиёде бо навбат месуруданд. Ногоҳ дасти пурқуввате аз мӯи сарам дошта касе фиғон кашид: «Худозада! Шарм надошта бахти маро дуздидӣ-а?!»
Соҳиби дасти пурқувват Гулрӯ буд. Духтари тағоям аз рашк девона шуда, маро «Фоҳишаи шавҳардузд» гӯён, дар назди меҳмонҳо шармандаю шармсор кард.
Хомӯшона гиристам, зеро Гулрӯ то ҷое ҳақ буд.
Фарид аз банди дасти Гулрӯ дошта дод зад:
-Дасти ҳароматро ба арӯси ман нарасон, фоҳиша! Вай гуноҳ надорад. Ман туро партофтам, чунки дӯстат намедорам!
Гулрӯро аз тарабхона ронданд, вале айши ман талх шуда, фикр мекардам, ки бо бахти каси дигар ҳаргиз хушбахт нахоҳам гашт.
Базм ба охир расиду зери навои карнаю сурнай Фарид маро ба мошин шинонда, ба ҳамон хонае, ки шаби нахуст рафта будем, овард.

Хандаи бахт

Бо гузашти айём соҳиби 2 писару як духтарча шудем. Бо дастгирии Фарид падарам низ соҳиби ҷои кори нағз шуд. Бо маслиҳати хусурам ӯро бо зане хонадор кардем. Шукри худо имрӯз ҳамаамон зиндагии ширин дорем.
Шунидам, ки тағои сарватмандам қарздори муфлис шудааст. Духтаронаш то ҳол бешавҳар будаанд. Мехоҳам аз минбари «Оила» ба духтари тағоям бигӯям: Ба бахти ту ман гунаҳгор нестам Гулрӯ. Маро бахтдузд магӯ. Тақозои тақдир чунин будааст…

Сурайё Рабиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД