Ҷаҳониён мардуми тоҷикро бо меҳмоннавозию меҳмондӯстияшон мешиносанд. Ҳар сайёҳе, ки барои тамошо ба Тоҷикистон меояд, беҳтарин таассуроте, ки бо худ ба кишвараш мебарад, ин пеш аз ҳама меҳмонавозии мардуми тоҷик аст.
Ҳар меҳмоне, ки ба хонадони тоҷик қадам ранҷа мекунад, хоҳ худӣ бшад, хоҳ мебгона, хҳ ошнову хҳ ғариб, ҳатман ӯро чеҳраи кушода пешвоз гирифта, наздаш дастурхон меороянд.
Зиннатбахши дастурхони точикӣ албатта нон аст. Кулчаҳои ширмолу фатири равғанин, гирдачаву чаппотӣ ва навъу намудҳои дигари нонро барои бз ҳам зеботару дилкаштар шудан нонпар мезананд. Имрӯз бо бароятон аз ҳаётимарде қисса мекунем, ки нонпарҳои гуногун месозад.

Умри Аҳмадҷон Аҳроров аллакай сарҳади 60-ро убур намудааст, вале ҳамагӣ 6-сол мешавад, ки ин марди меҳнатқарин ба сохтани нонпар машғул аст. Мехоҳед донед, ки чи тавр амаки аҳмадҷон дар дами пирӣ устои ин кор шуд?
Аҳмадҷон Аҳроров соли 1960 дар гузари Сорбони шаҳри Истаравшан дар оилаи оҳангар таваллуд ёфтааст. Касби ӯ аслан омӯзгорӣ (суруд ва мусиқӣ) буда, вақтҳои холигии худро бо сохтани нонпарҳои гуногун мегузаронад. Тавре худи усто нақл кард:
" Авлоди мо насл андар насл ҳунарманд будаанд. Падарам Ҳабибназар Аҳроров ба касби оҳангарӣ машғул буданд ва шогирдони зиёде доштанд. Аз ҷумла бародарам Акрамназар Ҳабибов доимо назди падарам буданду аз нозукиҳои ҳунари оҳангарӣ бархурдор мегаштанд. Чун шавқу рағбат ва таваҷҷӯҳи ман, ки ба санъат зиёдтар буд, роҳи санъатро интихоб намудам. Имрӯзҳо ҳамчун омӯзгори суруд ва мусиқӣ дар МТМУ 10 - ба номи Ҷалил Ҷаббории шаҳри Истаравшан дарс медиҳам, вале азбаски дар рагу пайвандам хуни ҳунармандӣ ҷорӣ , натавонистам аз ҳунар дур монам. Инак 6 - сол мешавад, ки бо сохтани нонпар машғулам...”
Омӯзиши ҳунар ба синну сол ягон алқамандӣ надорад, инсон метавонад дар дилхоҳ маврид нозукиҳои ин ё он навъи касбу ҳунарро аз худ кунад. Қаҳрамони мо Аҳмадҷон Аҳроров ҳам дар синни 55 - солагӣ ин ҳунарро ба таври худомӯзӣ омӯхт.
"Рӯзе як хешамон пешниҳод кард, ки ҳамин дастгоҳи нонпарсозиро гиред. Ҳарчанд ман ба ин касб балад набудам, аммо таклифи ӯро рад накардаму дастгоҳро гирифтам. Дар аввал бо камтар душворӣ 1-2 нонпар сохтам, баъд дар дилам шавқу ҳавас пайдо шуда, ҷиддӣ аз паси омӯхтани ин кор шудам. Имрӯз ҳамаи нозукиҳои ин касбро медонам. Гуфта метавонам, ки таҳкурсии ҳунаромӯзии ман ин дарсҳои "касбу - ҳунар" дар мактаб аст, ки муаллимон ба мо меомӯхтанд,"-қисса мекунад қаҳрамони мо.
Аҳмадҷон Аҳроров таъкид мекунад, ки барои омӯхтани ҳунар ҳеҷ гоҳ дер намешавад, инсон хоҳ ҷавон бошад, хоҳ пир метавонад дилхоҳ касбро аз худ кунад. Танҳо шавқу рағбат ва ҳисси меҳнатдӯстӣ бошад кифоя аст.
Ҳар кас вақти холигиашро ба таври худ мегузаронад. Бархе сайру гашт мекунанду баъзе китобхонӣ ё ба варзиш машғул мешаванд, Аҳмадҷон Аҳроров бошад, вақти холии худро бо сохтани навъҳои гуногуни нонпар мегузаронад.
Дар гузашта одамон барои зиннат додани нон аз чӯбчаҳои сихмонанд, дук, мех, калид, пати тозакардашудаи паранда ва дигар чизҳо истифода мебурданд. Имрӯзҳо баробари рушди техника кори нонпазҳо ҳам осон гардидааст.

Нонпарҳо акнун ородиҳандаи нонҳои болаззат гаштаанд. Мо ба ҳунарманд Аҳмадҷон Аҳроров барои боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳунараш барор мехоҳем.