sebiston july new
Бо вазири тандурустӣ во хӯрдан мехоҳед?(8 акс аз рафти пазироии вазир)
2581


Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон акнун дар як ҳафта ду маротиба бо шаҳрвандон суҳбат карда, ба мушкилии онҳо расидагӣ мекунад.
Тавре дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар додааст, сокинон метавонанд бевосита бо вазири тандурустӣ во хӯрда, озодона сӯҳбат намоянд ва мушкилоти худро бидуни кӯмаки ягон миёнарав ба вазир бирасонанд.
Ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе дар вазорат рӯзи қабули шаҳрвандони мамлакат баргузор мегардад. Дар ин рӯз худи вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар масъулини ин ниҳод дар якҷоягӣ корафтодагонро қабул карда, шикоятҳои мардумро мешунаванд ва аз пайи ҳалли мушкилоти муроҷиаткунандагон мешаванд.
Сомонаи вазорат чанд аксро аз рафти қабули шаҳрвандон нашр намуда, таъкид кардааст, ки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо афроди корафтода ошкоро сӯҳбат намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мушкили онҳоро сари вақт ҳаллу фасл намояд.
Вазир пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон, барои ҳалли мушкилот ва дигар масъалаҳои марбут ба вазорати тандурустӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас медиҳад. Агар шумо ҳам мушкиле доред, метавонед худро номнавис карда, рӯзҳои сешанбе ва шанбе ба қабули вазир равед ва бо Ҷамолиддин Абдуллозода рӯ ба рӯ сӯҳбат намуда, бо кӯмаки вазир масъаларо ба осонӣ ҳал намоед.
13456789

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД