Бо таҳдиди паҳн кардани навори хусусӣ беш аз 26 ҳазор сомонӣ ситонданд
Як ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Муъминобод бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир шудааст.
Ба иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, гумонбаршаванда тавассути WhatsApp бо марди 26-солаи сокини Ховалинг шинос шуда, бо истифода аз занги видеоӣ ва таҳдиди паҳн кардани навори хусусӣ аз ӯ телефони iPhone 17 Pro Max бо арзиши 16 ҳазору 500 сомонӣ ва 10 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, зарари расонидашуда 26 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯйи ин ҳодиса бо қисми 2-и моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз шудааст.